https://sputnik.tj/20220125/tojikiston-barqkushi-sartorsari-dar-osiyoi-markazi-zarar-did-posukhi-barqi-tojik-1045121059.html
Оё Тоҷикистон аз қатъи сарторсарии барқ дар Осиёи Марказӣ зарар дид? посухи "Барқи тоҷик"
Оё Тоҷикистон аз қатъи сарторсарии барқ дар Осиёи Марказӣ зарар дид? посухи "Барқи тоҷик"
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи холдинги энержии тоҷик вазъи қатъи барқ дар се кишвари Осиёи Марказиро шарҳ дод
2022-01-25T13:43+0500
2022-01-25T13:43+0500
2022-01-25T17:55+0500
барқ
дар тоҷикистон
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044466015_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_cc0e203ff326cac51f68431998560b06.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон қатъи нерӯи барқ дида намешавад. Дар ин бора ба РИА "Новости" бо истинод ба намояндаи ширкати энержии "Барқи тоҷик" хабар дод. Ёдовар мешавем, рӯзи 25-уми январ дар се кишвари Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барқ сартосарӣ қатъ шуд. Вазорати энержии Ӯзбекистон гуфт, қатъи нерӯи барқ дар ин минтақа бар асари садама дар Қазоқистон рух додааст. Дар бораи қатъи нерӯи барқ сокинони шаҳрҳои Қазоқистон, аз қабили Алмаато, Талдиқӯрғон, Чимкент, Тарас, вилояти Туркистон ва навоҳии наздик ба расонаҳо хабар додаанд. Дар Ӯзбекистон, дар Тошканд, инчунин дар вилоятҳои Фарғона ва Тошканд, водии Фарғона, вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах, Самарқанд, Навоӣ ва Қашқадарё барқрасонӣ қатъ гардид. Дар Қирғизистон қатъи барқ дар Бишкек, Ӯш ва дигар шаҳрҳо сабт шудааст.Гуфта мешавад, ҷудошавии изтирории дар хатти интиқоли барқи Шимол - Шарқ - Ҷануби Қазоқистон рух додааст. Ҳаҷми маҳдудиятҳо тақрибан 1500 МВт гуфта мешавад. Ёдовар мешавем, барқи ин се кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бо ҳам мепайвандад. Лоиҳа ҳанӯз дар замони шӯравӣ таҳия шуда буд ва ҳамгироии ин кишварҳо пас аз пошхӯрии ИҶШС ҳам идома дошт. Тоҷикистон соли 2009 аз ин ҳалқаи энергетикӣ берун шуд. Ҳатто пештар, дар соли 2003 Туркманистон ҳам аз ин лоиҳа берун шуд.
https://sputnik.tj/20220125/sabab-qat-barq-osiyo-markazi-1045116359.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044466015_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e47aa14a6e067d8f8c3ce8413bb6e06b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон барқкушӣ осиёи марказӣ
тоҷикистон барқкушӣ осиёи марказӣ
Оё Тоҷикистон аз қатъи сарторсарии барқ дар Осиёи Марказӣ зарар дид? посухи "Барқи тоҷик"
13:43 25.01.2022 (Навсозишуда: 17:55 25.01.2022) Намояндаи холдинги энержии тоҷик вазъи қатъи барқ дар се кишвари Осиёи Марказиро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон қатъи нерӯи барқ дида намешавад. Дар ин бора ба РИА "Новости" бо истинод ба намояндаи ширкати энержии "Барқи тоҷик" хабар дод.
"Дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна садамаи барқ рух надодааст",- афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, рӯзи 25-уми январ дар се кишвари Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барқ сартосарӣ қатъ шуд.
Вазорати энержии Ӯзбекистон гуфт, қатъи нерӯи барқ дар ин минтақа бар асари садама дар Қазоқистон рух додааст.
Дар бораи қатъи нерӯи барқ сокинони шаҳрҳои Қазоқистон, аз қабили Алмаато, Талдиқӯрғон, Чимкент, Тарас, вилояти Туркистон ва навоҳии наздик ба расонаҳо хабар додаанд.
Дар Ӯзбекистон, дар Тошканд, инчунин дар вилоятҳои Фарғона ва Тошканд, водии Фарғона, вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах, Самарқанд, Навоӣ ва Қашқадарё барқрасонӣ қатъ гардид.
Дар Қирғизистон қатъи барқ дар Бишкек, Ӯш ва дигар шаҳрҳо сабт шудааст.
Гуфта мешавад, ҷудошавии изтирории дар хатти интиқоли барқи Шимол - Шарқ - Ҷануби Қазоқистон рух додааст. Ҳаҷми маҳдудиятҳо тақрибан 1500 МВт гуфта мешавад.
Ёдовар мешавем, барқи ин се кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бо ҳам мепайвандад.
Лоиҳа ҳанӯз дар замони шӯравӣ таҳия шуда буд ва ҳамгироии ин кишварҳо пас аз пошхӯрии ИҶШС ҳам идома дошт.
Тоҷикистон соли 2009 аз ин ҳалқаи энергетикӣ берун шуд. Ҳатто пештар, дар соли 2003 Туркманистон ҳам аз ин лоиҳа берун шуд.