https://sputnik.tj/20220125/ozoda-rahmon-tasdiq-nishast-yanvar-oghoz-1045127859.html
Озода Раҳмон тасдиқ кард: нишастҳои матбуотӣ аз 31 январ оғоз мешаванд
Озода Раҳмон тасдиқ кард: нишастҳои матбуотӣ аз 31 январ оғоз мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Нақшаи нишастҳои матбуотии роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон тасдиқ карда шуд
2022-01-25T16:00+0500
2022-01-25T16:00+0500
2022-01-25T18:24+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
раис
гузориш
вазир
сол
рӯзноманигорон
нишасти матбуотӣ
ҷамъбаст
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/86/1029878617_1:0:3398:1911_1920x0_80_0_0_49db66c02fedca1d72fcd1733b1d6248.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон нақшаи нишастҳои матбуотии ҷамъбастии солро тасдиқ намудааст, ки 18 рӯз давом мекунанд. Бар асоси нақшаи тасдиқкардаи раиси Дастгоҳи иҷроия, вазирону роҳбарони идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон аз 31-уми январи соли равон ба рӯзноманигорон дар бораи бурду бохти соҳаашон дар соли гузашта гузориш медиҳанд. Зимни нишастҳои матбуотӣ, ки то 17-уми феврал давом мекунанд, рӯзноманигорон метавонанд аз роҳбарони сатҳи болоии вазорату идораҳо бевосита ба суолҳояшон посух гиранд. Нақшаи нишастҳо ба идораҳои давлатӣ, Иттифоқи рӯзноманигорон, ВАО ва дигар ниҳодҳои масъул фиристода шудааст. Таъкид шудааст, ки масъулини вазорату идораҳо, муассисаю ташкилоте, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо хабаргузории "Ховар" мувофиқа намоянд. Эълонҳои муфассал дар бораи замону макони баргузории нишастҳои мушаххасро хабаргузории миллӣ ҳамарӯза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод менамояд. Нишастҳои матбуотӣ, мутобиқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз 15 сентябри соли 2011, соле ду бор, дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа ва яксола баргузор мешаванд. Қаблан роҳбарон ҳар семоҳа нишастҳои матбуотӣ баргузор мекарданду аз бурду бохти бахши таҳти масъулияташон гузориш медоданд.
https://sputnik.tj/20211224/alizoda-rais-nav-shuroi-vao-tojikiston-1044389403.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/86/1029878617_425:0:2973:1911_1920x0_80_0_0_d2833ab0b04bea8106a7de3cdff0ae68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нишаст, матбуоть, январ, оғоз, соли нав
нишаст, матбуоть, январ, оғоз, соли нав
Озода Раҳмон тасдиқ кард: нишастҳои матбуотӣ аз 31 январ оғоз мешаванд
16:00 25.01.2022 (Навсозишуда: 18:24 25.01.2022) Нақшаи баргузории нишастҳои матбуотии вазирону роҳбарони идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон нақшаи нишастҳои матбуотии ҷамъбастии солро тасдиқ намудааст, ки 18 рӯз давом мекунанд.
Бар асоси нақшаи тасдиқкардаи раиси Дастгоҳи иҷроия, вазирону роҳбарони идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон аз 31-уми январи соли равон ба рӯзноманигорон дар бораи бурду бохти соҳаашон дар соли гузашта гузориш медиҳанд.
Зимни нишастҳои матбуотӣ, ки то 17-уми феврал давом мекунанд, рӯзноманигорон метавонанд аз роҳбарони сатҳи болоии вазорату идораҳо бевосита ба суолҳояшон посух гиранд.
Нақшаи нишастҳо ба идораҳои давлатӣ, Иттифоқи рӯзноманигорон, ВАО ва дигар ниҳодҳои масъул фиристода шудааст.
Таъкид шудааст, ки масъулини вазорату идораҳо, муассисаю ташкилоте, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо хабаргузории "Ховар" мувофиқа намоянд. Эълонҳои муфассал дар бораи замону макони баргузории нишастҳои мушаххасро хабаргузории миллӣ ҳамарӯза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод менамояд.
Нишастҳои матбуотӣ, мутобиқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз 15 сентябри соли 2011, соле ду бор, дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа ва яксола баргузор мешаванд. Қаблан роҳбарон ҳар семоҳа нишастҳои матбуотӣ баргузор мекарданду аз бурду бохти бахши таҳти масъулияташон гузориш медоданд.