Ализода раиси нави Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб шуд

© Sputnik / © SputnikГазеты, архивное фото
Газеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Обуна шудан
Ҳуринисо Ализода, рӯзноманигори тоҷик, сармуҳаррири пешини маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" раиси Шӯрои воситаҳои ахбори омма интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ализода дар ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба ҷои Бахтиёр Ҳамдам раиси нави ин созмон интихоб гардид. Бахтиёр Ҳамдам, сармуҳаррири “Минбари халқ”, нашрияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз соли 2019-ум то ҳол роҳбарии Шӯрои ВАО-ро ба уҳда дошт.
Як кас ҳақ дорад, ба ин мақом ду бор ба муҳлати яксолӣ интихоб шавад. Ба ҳайси аъзои нави раёсати шӯро Раҷаби Мирзо, Илҳом Ҷамолиён ва Носирҷон Маъмурзода интихоб гардидаанд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ инчунин аз кори шӯро тайи як сол ва бурду бохти бахши рӯзноманигорӣ дар кишвар гузоришҳо ироа гардиданд. Аз ҷумла омори нақзи меъёрҳои ахлоқӣ дар ВАО-и кишвар гузориш шуд.
Google поиск, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2019
Шӯрои ВАО дар бораи қиматшавии интернет, мудирияти нодурусти соҳа ва пайомадҳои он
Шӯрои ВАО иттиҳоди ҷамъиятиест, ки созмонҳои журналистӣ ва идораҳои ВАО-и Тоҷикистон онро таъсис доданд. Нахустин ҷаласаи он моҳи ноябри соли 2009 баргузор шуда буд. Рисолати ин созмон ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигрон ва назорати риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар расонаҳои кишвар арзёбӣ мешавад.
Аз замони таъсис то имрӯз шӯрои мазкурро Иброҳим Усмонов, Зиннатуллоҳ Исмоилов, Қироншоҳ Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев, Хуршед Атовулло, Шаҳло Акобирова ва Бахтиёр Ҳамдам роҳбарӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0