Легионери беларусӣ ба дастаи футболи "Хуҷанд" гузашт

© Футбольный клуб "Гранит"Андрей Левковец
Андрей Левковец  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Дастаи Тоҷикистон аз Хуҷанд нимҳимоятгари ҷавони умедбахши қаҳрамонии Беларусро ба ҳайаташ ҷалб кард
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Бошгоҳи футболи "Хуҷанд" бо нимҳимоятгари беларусӣ қарордод имзо кард.
Нимҳимоятгари умедбахши 25-сола Андрей Левковетс барои бозӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар доданд аз дафтари матбуотии ин бошгоҳ ба Sputnik Тоҷикистон.
Шогирди тими "Шахтёр"-и Солигорск аз соли 2014 дар чемпионати Беларусия баромад мекунад.
Ӯ таҷрибаи бозӣ дар дастаҳои "Шахтёр" (Салихорск), "Смолевич", "Баранович", "Гранит" ва "Крумкач"-ро дорад.
Гуфта мешавад, ин легионери хориҷӣ дар “Хуҷанд” зери рақами ҳафт бозӣ мекунад.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Кӣ гузашту кӣ монд: футболбозони тоҷикро соли 2022 чӣ интиқолҳо интизоранд
Ба иттилои сомонаи "transfermarkt.ru", шартнома бо бозигари беларусӣ то 31 декабри соли 2022 ба имзо расидааст.
Левковетс ҳамчун агенти озод ба "Хуҷанд" рафтааст.
Ӯ 7 майи соли 1996 дар Солигорск таваллуд шуда, дар маҷмуъ, ин футболбози ҷавон дар 160 бозии қаҳрамонии Беларус ширкат кардааст.
Дар тӯли фаъолияти худ ӯ 15 гол задааст, ки сетоаш аз ҷаримаи 11-метрӣ будааст.
Вай инчунин дар тамоми карераи футболи худ 15 корти зард ба даст оварда, аммо корти сурх надорад.
Лентаи хабарҳо
0