https://sputnik.tj/20220125/habs-mard-dushanbe-zan-ozor-mu-kashol-1045129444.html
Ҳабси марде, ки дар Душанбе занашро озор доду аз мӯи сараш ӯро кашола кард
Ҳабси марде, ки дар Душанбе занашро озор доду аз мӯи сараш ӯро кашола кард
Sputnik Тоҷикистон
Аз болои ин мард, ба кормандони милиса ҳамсояҳо шикоят буррданд, зеро онҳо борҳо шоҳид буданд, ки ӯ ҳамсарашро мекӯфу дашном медод
2022-01-25T16:40+0500
2022-01-25T16:40+0500
2022-01-25T18:33+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
рвкд ҷт дар шаҳри душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102639/67/1026396787_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_ba39b1b775cb25130606cfe6d95d91dc.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Душанбе боз як ҳолати хушунати оилавӣ сабт шуд. Кормандони Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе марди 31-солаеро боздошт намудаанд, ки дар озор додани ҳамсари худ муттаҳам дониста мешавад.Ин ниҳод мегӯяд, аз болои марди бодоштшуда ҳамсояҳои ӯ низ борҳо шикоят кардаанд, зеро онҳо чанин бор шоҳиди саҳнае шудаанд, ки ӯ занашро мавриди азобу шиканҷа қарор медодааст.Ҳолати ахири озордиҳии ӯ ҳафтаи равон сурат гирифтааст.Манбаъ меазояд, номбурда дар саҳни бинои истиқоматӣ нахуст бо ҳамсараш муноқиша карда, ӯро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, сипас аз мӯи сараш вайро кашола кардааст. Бо ин амали худ ин мард оромии сокинони кӯчаи Борбадро халалдор карда, ки онҳо ба кормандони милиса арзи шикоят намудаанд.Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, нисбати сокини 31-солаи пойтахт тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода ва нисбаташ бо қарори суд ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъйин шудааст.
https://sputnik.tj/20220106/janjol-molikoni-malika-samira-dushanbe-1044619763.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102639/67/1026396787_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_8ce5cf03b62378ceb748e22fe0830e74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе рвуд хушунат
Ҳабси марде, ки дар Душанбе занашро озор доду аз мӯи сараш ӯро кашола кард
16:40 25.01.2022 (Навсозишуда: 18:33 25.01.2022) Аз болои ин мард ба кормандони милиса ҳамсояҳо шикоят бурдаанд, зеро онҳо борҳо шоҳид буданд, ки ӯ ҳамсарашро латукӯбу дашном мекард
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Душанбе боз як ҳолати хушунати оилавӣ сабт шуд. Кормандони Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе марди 31-солаеро боздошт намудаанд, ки дар озор додани ҳамсари худ муттаҳам дониста мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд, аз болои марди бодоштшуда ҳамсояҳои ӯ низ борҳо шикоят кардаанд, зеро онҳо чанин бор шоҳиди саҳнае шудаанд, ки ӯ занашро мавриди азобу шиканҷа қарор медодааст.
Ҳолати ахири озордиҳии ӯ ҳафтаи равон сурат гирифтааст.
Манбаъ меазояд, номбурда дар саҳни бинои истиқоматӣ нахуст бо ҳамсараш муноқиша карда, ӯро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, сипас аз мӯи сараш вайро кашола кардааст.
Бо ин амали худ ин мард оромии сокинони кӯчаи Борбадро халалдор карда, ки онҳо ба кормандони милиса арзи шикоят намудаанд.
Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, нисбати сокини 31-солаи пойтахт тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода ва нисбаташ бо қарори суд ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъйин шудааст.