https://sputnik.tj/20220106/janjol-molikoni-malika-samira-dushanbe-1044619763.html
Ҷанҷоли моликони "Малика" ва "Самира" дар Душанбе: гунаҳкорон ҷазо гирифтаанд
Ҷанҷоли моликони "Малика" ва "Самира" дар Душанбе: гунаҳкорон ҷазо гирифтаанд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати умури дохилии Душанбе аз ҷанҷолу дашномдиҳӣ миёни соҳибкорон, аз ҷумла роҳбари маркази дилхушии "Самира" ва тарабхонаи "Малика" хабар додааст
2022-01-06T10:00+0500
2022-01-06T10:00+0500
2022-01-06T10:00+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суд
боздошт
ҷанҷол
тартиботи ҷамъиятӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1f/1041987361_0:104:2000:1229_1920x0_80_0_0_48b2d0c4b5d5c54f724c6ea15d58cc45.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, роҳбари маркази дилхушии "Самира", ҳамроҳи посбонони ин муассиса ба ҳайси мизоҷ дар тарабхонаи "Малика"- и шаҳри Душанбе қарор дошта, даст ба бетартибӣ задаанд. Ба иттилои раёсати умури дохилӣ, роҳбари 31-солаи "Самира" ҳамроҳи се нафар посбони ин маркази дилхушӣ шаби 3 январ дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд. Маъмурини милиса мегӯянд, дар пайи таҳқиқи ҳодиса муайян кардаанд, ки ин гуруҳи мизоҷон дар ҳолати мастӣ бо соҳибмулки тарабхонаи "Малика" муноқиша намуда, бо овози баланд дашномҳои қабеҳ доданд. Таъкид шудааст, ки дар дар баробари вайрон кардани тартибот ва оромии ҷамъиятӣ, шаъну шарафи ҳамдигарро низ паст задаанд. РВУД афзуд, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати роҳбару посбонони "Самира" санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, додгоҳи ноҳияи Сино нисбати ҳар кадомаш ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯзро татбиқ кардааст.
https://sputnik.tj/20220105/bahs-million-dushanbe-milisa-1044611507.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1f/1041987361_112:0:1889:1333_1920x0_80_0_0_686441a6b466d3f9f62f2cccbf330357.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷазо, гунаҳкорон, тарабхона, малика
ҷазо, гунаҳкорон, тарабхона, малика
Ҷанҷоли моликони "Малика" ва "Самира" дар Душанбе: гунаҳкорон ҷазо гирифтаанд
Раёсати умури дохилии Душанбе аз ҷанҷолу дашномдиҳӣ миёни соҳибкорон, аз ҷумла роҳбари маркази дилхушии "Самира" ва тарабхонаи "Малика" хабар додааст
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, роҳбари маркази дилхушии "Самира", ҳамроҳи посбонони ин муассиса ба ҳайси мизоҷ дар тарабхонаи "Малика"- и шаҳри Душанбе қарор дошта, даст ба бетартибӣ задаанд.
Ба иттилои раёсати умури дохилӣ, роҳбари 31-солаи "Самира" ҳамроҳи се нафар посбони ин маркази дилхушӣ шаби 3 январ дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
Маъмурини милиса мегӯянд, дар пайи таҳқиқи ҳодиса муайян кардаанд, ки ин гуруҳи мизоҷон дар ҳолати мастӣ бо соҳибмулки тарабхонаи "Малика" муноқиша намуда, бо овози баланд дашномҳои қабеҳ доданд. Таъкид шудааст, ки дар дар баробари вайрон кардани тартибот ва оромии ҷамъиятӣ, шаъну шарафи ҳамдигарро низ паст задаанд.
РВУД афзуд, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати роҳбару посбонони "Самира" санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, додгоҳи ноҳияи Сино нисбати ҳар кадомаш ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯзро татбиқ кардааст.