https://sputnik.tj/20220125/darguzasht-anvar-qosimov-1045135034.html
Даргузашти Анвар Қосимов, раиси Федератсияи куштии камарбандии Тоҷикистон
Даргузашти Анвар Қосимов, раиси Федератсияи куштии камарбандии Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Хабари даргузашти Раиси Федератсияи гуштини камарбандии Тоҷикистонро наздикони марҳум тасдиқ карданд
2022-01-25T17:15+0500
2022-01-25T17:15+0500
2022-01-25T18:59+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_ed5edbd678da821522956dd86f93e52f.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Анвар Қосимов, раиси Федератсияи куштии камарбандии Тоҷикистон субҳи рӯзи 25-уми январ дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт.Дар тасдиқи ин хабар яке аз наздикони хонаводаи марҳум иброз намуд, ки Қосимов чанд вақт ба ин тарф бо маризӣ дасту панҷа нарм мекард ва субҳи барвақт ҷон ба Ҳақ таслим намуд. Қосимов Анвар Усмонович аз шахсиятҳои намоёни ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи куштии камарбанди Тоҷикистон, узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии куштии камарбандӣ гуфта буд. Ӯ 30 январи соли 1959 дар ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ (собиқ Колхозобод) таваллуд шудааст. Мавсуф пас аз хатми Донишгоҳи аграрӣ, то соли 1999 дар соҳаи обёрии заминҳо фаъолият намудааст. Вай ҳудуди 11 сол сардори идораи бақайдгирии молу амволи ғайриманқул (НБТИ) дар шаҳри Хуҷанд кор буд. Марҳум аз соли 2011 раисии Федератсияи куштии камарбандии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Зимнан Анвар Қосимов аз чеҳраҳои намоёни шаҳри Хуҷанд буда, 16 августи соли 2013 бо ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
https://sputnik.tj/20220102/talafoti-maorif-matluba-ehsonova-darguzasht-1044574614.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_c0b255bebd6871fe156ab71fe5941eb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон анвар қосимов даргузашт
тоҷикистон анвар қосимов даргузашт
Даргузашти Анвар Қосимов, раиси Федератсияи куштии камарбандии Тоҷикистон
17:15 25.01.2022 (Навсозишуда: 18:59 25.01.2022) Хабари даргузашти Раиси Федератсияи куштини камарбандии Тоҷикистонро наздикони марҳум тасдиқ карданд
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Анвар Қосимов, раиси Федератсияи куштии камарбандии Тоҷикистон субҳи рӯзи 25-уми январ дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт.
Дар тасдиқи ин хабар яке аз наздикони хонаводаи марҳум иброз намуд, ки Қосимов чанд вақт ба ин тарф бо маризӣ дасту панҷа нарм мекард ва субҳи барвақт ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
"Ҷанозаи Анвар Қосимов асри 25-уми январ дар қабристони “Гунбази қошуқ”, дар Хуҷанд ба хок супурда мешавад”, - гуфт манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Қосимов Анвар Усмонович аз шахсиятҳои намоёни ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи куштии камарбанди Тоҷикистон, узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии куштии камарбандӣ гуфта буд.
Ӯ 30 январи соли 1959 дар ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ (собиқ Колхозобод) таваллуд шудааст. Мавсуф пас аз хатми Донишгоҳи аграрӣ, то соли 1999 дар соҳаи обёрии заминҳо фаъолият намудааст.
Вай ҳудуди 11 сол сардори идораи бақайдгирии молу амволи ғайриманқул (НБТИ) дар шаҳри Хуҷанд кор буд. Марҳум аз соли 2011 раисии Федератсияи куштии камарбандии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Зимнан Анвар Қосимов аз чеҳраҳои намоёни шаҳри Хуҷанд буда, 16 августи соли 2013 бо ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.