Талафоти соли нав дар маорифи ноҳияи Б.Ғафуров: мушовир Матлуба Эҳсонова даргузашт

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2022
Обуна шудан
Матлуба Эҳсонова, мушовири маориф ва директори Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз олам даргузашт. Марҳум ҳамагӣ 42 сол дошт
ДУШАНБЕ, 2 янв – Sputnik. Дилбар Бобоева, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон марги бемаҳали Эҳсоноваро талафоти бузург арзёбӣ кард.
Бино ба гуфти ӯ, бидуни тардид Эҳсонова яке аз фаъолзанҳои идораи маориф маҳсуб мешуд ва ҳамагӣ ду моҳи пеш директори Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин шуда буд.

“Матлуба Эҳсонова солҳои зиёд ба сифати мушовир оид ба синфҳои ибтидоӣ кор мекарданд. Ба ҷузъ ин тренери миллӣ буданд ва дар умури таҷаддуди таълим омӯзишҳо гузаронида, корашонро фаъолона пеш мебурданд. Бегоҳии дирӯз марги бемаҳал аз миёни мо рабурд”, - изҳор намуд мудири маориф.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ мушовири маориф чанд вақти охир аз бемории сурохи қалбӣ (парок сердца) ранҷ мебурд ва бегоҳии дирӯз дар сини 42 солагӣ дар бемористон дунёро падруд гуфтааст.
Дар бораи даргузашти Эҳсонова бархе аз ҳамкоронаш низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода, изҳори тасаллият баён намудаанд.
Эҳсонова Матлуба Ҳусейновна 11 октябри соли 1980 дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, соли 2002 факултаи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм намудааст.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Даргузашти Худогӯ Ҷумъаев, паҳлавон ва муараббии тоҷик
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2002 дар мактаби № 28 и ҷамоати Унҷӣ шурӯъ намуда, ҳудуди панҷ сол дар ин ҷо кор кардааст. Аз соли 2009 ба кор дар идораи маорифи ноҳия гузашт ва то ин вақт дар ин вазифа фаъолият мекард.
Ду моҳи пеш директори Маркази рушди истеъдодҳои ноҳия таъйин шуд ва ба омода намудани хонандаҳои мактаб ва донишҷӯён ба олимпиадаҳо машғул буд.
Ҷанозаи Эҳсонова соати 8:00 субҳи дуюми январ дар қабристони ҷамоати Ҳайдар Усмон бо иштироки пайвандон ва ҳамкоронаш ба хок супурда шуд.
Лентаи хабарҳо
0