https://sputnik.tj/20220125/barkhurd-margbor-moshin-khatlon-1045113430.html
Ду бархӯрди маргбори мошинҳо дар Хатлон
Ду бархӯрди маргбори мошинҳо дар Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду ҳолати бархурди маргбори мошинҳо дар роҳҳои вилояти Хатлон хабар дод
2022-01-25T11:40+0500
2022-01-25T11:40+0500
2022-01-25T17:37+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
кӯдак
бархӯрд
мусофир
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045017672_0:145:3073:1873_1920x0_80_0_0_960aa990c3a2ed123aec3b68dc7a5829.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Дар пайи бархӯрди мошинҳои "Дэу-сиело" ва "Опел-вектра" дар вилояти Хатлон кӯдаки шашсола ба ҳалокат расид. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи маргбор шаби 23 ба 24-уми январ дар ҳудуди ноҳияи Фархор рух додаст. Манбаъ мегӯяд, ронандаи "Дэу-сиело", сокини 22-солаи Фархор ҳангоми ҳаракат дар ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-вектра", таҳти идораи ронандаи 48-сола бархӯрдааст. Таъкид шудааст, ки аз мусофирони бистаришудаи "Опел", писарчаи 6-сола, сокини ноҳияи Фархор дар беморхона ҷон додааст. Мақомот афзуданд, ҳодисаи дигари маргбор дар ноҳияи Вахш ба қайд гирифта шуд. Зикр гардидаст, ки 24-уми январ ронандаи "Опел-вектра", сокини сокини 35-солаи ноҳияи Вахш аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба мошини "Форланд" таҳти идораи сокини 35-олаи ин ноҳия бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин садама, марди 61-сола, мусофири мошини "Опел" дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаст. Мақомот мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад. Маврид ба зикр аст, ки масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳо риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ гуфтаанд.
https://sputnik.tj/20220120/halokat-kudak-nouhdabaroii-ronanda-khatlon-1044964949.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045017672_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1fc3a897012bd47aad2b7b1d78a4362a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бархӯрд, маргбор, мошин, хатлон,
бархӯрд, маргбор, мошин, хатлон,
Ду бархӯрди маргбори мошинҳо дар Хатлон
11:40 25.01.2022 (Навсозишуда: 17:37 25.01.2022) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду ҳолати бархӯрди маргбори мошинҳо дар роҳҳои вилояти Хатлон хабар дод
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Дар пайи бархӯрди мошинҳои "Дэу-сиело" ва "Опел-вектра" дар вилояти Хатлон кӯдаки шашсола ба ҳалокат расид.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи маргбор шаби 23 ба 24-уми январ дар ҳудуди ноҳияи Фархор рух додаст.
Манбаъ мегӯяд, ронандаи "Дэу-сиело", сокини 22-солаи Фархор ҳангоми ҳаракат дар ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-вектра", таҳти идораи ронандаи 48-сола бархӯрдааст. Таъкид шудааст, ки аз мусофирони бистаришудаи "Опел", писарчаи 6-сола, сокини ноҳияи Фархор дар беморхона ҷон додааст.
Мақомот афзуданд, ҳодисаи дигари маргбор дар ноҳияи Вахш ба қайд гирифта шуд. Зикр гардидаст, ки 24-уми январ ронандаи "Опел-вектра", сокини сокини 35-солаи ноҳияи Вахш аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба мошини "Форланд" таҳти идораи сокини 35-олаи ин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷаи ин садама, марди 61-сола, мусофири мошини "Опел" дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаст. Мақомот мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳо риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ гуфтаанд.