https://sputnik.tj/20220120/halokat-kudak-nouhdabaroii-ronanda-khatlon-1044964949.html
Ҳалокати кӯдак дар пайи ноуҳдабароии ронанда дар Хатлон
Ҳалокати кӯдак дар пайи ноуҳдабароии ронанда дар Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи он, ки ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун набаромад, пиёдагарди хурдсол ба ҳалокат расид
2022-01-20T12:10+0500
2022-01-20T12:10+0500
2022-01-20T12:52+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
пиёдагард
кӯдак
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102215/17/1022151782_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_bd4d03e6ae0f82025f1132e54bc71109.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар ноҳияи Ҷайҳун хабар дод, ки баъди зуҳри 19-уми январ рух додааст. Ба иттилои ВУД, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи "Форланд", сокини 33-солаи шаҳри Бохтар ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагари хурдсолро зер намудааст. Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа писарчаи шашсола, ки сокини ноҳияи Ҷайҳун будааст, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан ин ҳодиса таҳқиқот мешавад. Ин дар ҳолест, ки ахиран бо қарори мақомот дар шаҳри Душанбе Соли риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ эълон гардид, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз фоҷиа дар роҳҳои кишвар арзёбӣ шуд. Масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳо риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ гуфтаанд.
https://sputnik.tj/20220114/firor-ronanda-joi-sadama-vkd-1044807860.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102215/17/1022151782_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_ab97766776c5e5d11be8203451113f06.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳалокат, кӯдак, пиёдагард, ҷайҳун, ронанда, садама
ҳалокат, кӯдак, пиёдагард, ҷайҳун, ронанда, садама
Ҳалокати кӯдак дар пайи ноуҳдабароии ронанда дар Хатлон
12:10 20.01.2022 (Навсозишуда: 12:52 20.01.2022) Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи он ки ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун набаромад, пиёдагарди хурдсол ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар ноҳияи Ҷайҳун хабар дод, ки баъди зуҳри 19-уми январ рух додааст.
Ба иттилои ВУД, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи "Форланд", сокини 33-солаи шаҳри Бохтар ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагари хурдсолро зер намудааст.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа писарчаи шашсола, ки сокини ноҳияи Ҷайҳун будааст, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан ин ҳодиса таҳқиқот мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран бо қарори мақомот дар шаҳри Душанбе Соли риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ эълон гардид, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз фоҷиа дар роҳҳои кишвар арзёбӣ шуд.
Масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳо риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ гуфтаанд.