https://sputnik.tj/20220125/afzoish-patentgiri-muhojiron-rusiya-1045136251.html
Афзоиши патентгирии муҳоҷирон дар Русия
Афзоиши патентгирии муҳоҷирон дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, теъдоди муҳоҷироне, ки патент гирифтаанд, дар муқоиса бо соли гузашта афзоиш ёфтаанд
2022-01-25T19:00+0500
2022-01-25T19:00+0500
2022-01-25T19:55+0500
муҳоҷират
дар русия
шартнома
корӣ
ҳуқуқ
қайд
ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби муҳоҷирон
меҳнат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101395/35/1013953517_0:153:3101:1897_1920x0_80_0_0_540c48db022e86f6e4a5d2e58694d00a.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Нишондиҳандаҳои асосии бахши муҳоҷирати Русия тайи соли 2021-ро Вазорати умури дохилии кишвар нашр кардааст. Ба иттилои ВУД, соли 2021 аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ ду миллиону 221 ҳазор патент гирифта шудааст. Ин дар муқоиса бо соли 2020 қариб ду баробар зиёд мебошад, ки он сол 1 миллиону 132 ҳазору 593 нафар ҳуҷҷат гирифта буданд. Инчунин дар сомонаи Вазорати умури дохилӣ теъдоди созишномаҳои меҳнатие нашр шудаанд, ки тайи солҳои 2020-2021 ба имзо расидаанд. Ин ниҳод мегӯяд, шумораи огоҳинома дар бораи созишномаҳои корӣ бо хориҷиён тайи соли 2021 ҳудуди 1,673 адад ворид шудааст. Соли 2020-ум ин нишондиҳанда ба 1,330 миллион баробар буд. Таъкид шудааст, ки бар асоси иҷозатномаи корӣ дар соли 2021 ҳудуди 67 ҳазор созишномаи корӣ ва дар соли 2020 42 ҳазор созишнома имзо шуда буд. Бидуни иҷозатнома дар соли 2020 беш аз 705 ҳазор созишномаи меҳнатӣ баста шудааст. Дар баробари ин беш аз 735 ҳазор нафар дар соли гузашта шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд, ки ин шумора дар қиёс бо соли 2020 ҳудуди 79 ҳазор нафар зиёд мебошад. Бар асоси омори нашршуда, соли 2021 ҳудуди 13 миллиону 393 ҳазор ҳолати бақайдгирии муҳоҷират сабт шудааст. Ин адад соли 2020 ба 9,802 млн ҳолат баробар будааст. Вуруди шаҳрвандон аз кишварҳои дорои низоми раводид ба Русия коҳиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220124/furush-hujjath-taqallubi-muhojiron-aybdor-1045095150.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101395/35/1013953517_184:0:2915:2048_1920x0_80_0_0_33d6517a42e7bb686321a23b6c423b47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, патент, муҳоҷирон, русия
афзоиш, патент, муҳоҷирон, русия
Афзоиши патентгирии муҳоҷирон дар Русия
19:00 25.01.2022 (Навсозишуда: 19:55 25.01.2022) Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, теъдоди муҳоҷироне, ки патент гирифтаанд, дар муқоиса бо соли гузашта афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Нишондиҳандаҳои асосии бахши муҳоҷирати Русия тайи соли 2021-ро Вазорати умури дохилии кишвар нашр кардааст.
Ба иттилои ВУД, соли 2021 аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ ду миллиону 221 ҳазор патент гирифта шудааст. Ин дар муқоиса бо соли 2020 қариб ду баробар зиёд мебошад, ки он сол 1 миллиону 132 ҳазору 593 нафар ҳуҷҷат гирифта буданд.
Инчунин дар сомонаи Вазорати умури дохилӣ теъдоди созишномаҳои меҳнатие нашр шудаанд, ки тайи солҳои 2020-2021 ба имзо расидаанд. Ин ниҳод мегӯяд, шумораи огоҳинома дар бораи созишномаҳои корӣ бо хориҷиён тайи соли 2021 ҳудуди 1,673 адад ворид шудааст. Соли 2020-ум ин нишондиҳанда ба 1,330 миллион баробар буд.
Таъкид шудааст, ки бар асоси иҷозатномаи корӣ дар соли 2021 ҳудуди 67 ҳазор созишномаи корӣ ва дар соли 2020 42 ҳазор созишнома имзо шуда буд. Бидуни иҷозатнома дар соли 2020 беш аз 705 ҳазор созишномаи меҳнатӣ баста шудааст.
Дар баробари ин беш аз 735 ҳазор нафар дар соли гузашта шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд, ки ин шумора дар қиёс бо соли 2020 ҳудуди 79 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Бар асоси омори нашршуда, соли 2021 ҳудуди 13 миллиону 393 ҳазор ҳолати бақайдгирии муҳоҷират сабт шудааст. Ин адад соли 2020 ба 9,802 млн ҳолат баробар будааст.
Вуруди шаҳрвандон аз кишварҳои дорои низоми раводид ба Русия коҳиш ёфтааст.