https://sputnik.tj/20220124/furush-hujjath-taqallubi-muhojiron-aybdor-1045095150.html
Ду нафар дар фурӯши асноди тақаллубӣ ба муҳоҷирон ба маблағи 60 млн рубл айбдор мешаванд
Ду нафар дар фурӯши асноди тақаллубӣ ба муҳоҷирон ба маблағи 60 млн рубл айбдор мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Ду шаҳрванди хориҷӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ барои муҳоҷирон муттаҳам мешаванд
2022-01-24T16:55+0500
2022-01-24T16:55+0500
2022-01-24T20:04+0500
муҳоҷират
ғайриқонунӣ
тақаллуб
ҳуҷҷат
фурӯш
патент
қайд
аснод
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040763790_0:208:2903:1841_1920x0_80_0_0_be9a68c6e19f667981a80e2a3592f7a1.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия аз ошкор шудани фурӯши ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ барои муҳоҷирон хабар дод. Ба иттилои Ирина Волк, намояндаи расмии ВУД Русия, муттаҳамон дар ташкили ин тиҷорати ғайриқонунӣ аз ҳисоби фурӯши ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ ба ҳисоби пешакӣ беш аз 60 миллион рубл ба даст оварданд. Аз яке аз ташкилкунандагони ин тиҷорати ғайриқонунӣ ба унвони як шаҳрванди кишвари хориҷи наздик ёд шудааст. Таъкид шудааст, ки онҳо ба муҳоҷирон патент, санади қайди муваққатӣ ва дигар аснодро пешниҳод мекардаанд. Инчунин муттаҳамон ба таҳияи шаҳодатномаҳои забони русӣ, омодасозии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия низ машғул будаанд. "Ҳар яке аз мизоҷон барои асноди тақаллубӣ аз 2,5 миллион рубл ва бештар аз он пардохт мекарданд. Бар асоси ҳисоби пешакӣ, даромади ҷиноӣ аз 60 миллион рубл бештар будааст", - афзуд Волк. Таъкид шудааст, ки аз гумонбарон шиноснома, акс, санадҳои муҳоҷиратӣ, таппончаи сабтнашуда, маблағ ва васоити алоқа мусодира гардидааст. Манбаъ афзуд, ки феълан муттаҳамон дар ҳабси хонагӣ қарор дошта, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти шарикони ин тиҷорат ва мизоҷонро муайян мекунанд.
https://sputnik.tj/20220123/rohandozi-khadamot-muhojiron-zaboni-tojiki-rusiya-1045070102.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040763790_86:0:2817:2048_1920x0_80_0_0_362fa8b2775637d2c991c9ba359b7dcd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, нафар, муҳоҷирон, тақаллубӣ, аснод, ҳуҷҷатҳо
боздошт, нафар, муҳоҷирон, тақаллубӣ, аснод, ҳуҷҷатҳо
Ду нафар дар фурӯши асноди тақаллубӣ ба муҳоҷирон ба маблағи 60 млн рубл айбдор мешаванд
16:55 24.01.2022 (Навсозишуда: 20:04 24.01.2022) Ду шаҳрванди хориҷӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ барои муҳоҷирон муттаҳам мешаванд, ки гардиши пули тиҷорати ғайриқонунияшон то 60 миллион рубл арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия аз ошкор шудани фурӯши ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ барои муҳоҷирон хабар дод.
Ба иттилои Ирина Волк, намояндаи расмии ВУД Русия, муттаҳамон дар ташкили ин тиҷорати ғайриқонунӣ аз ҳисоби фурӯши ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ ба ҳисоби пешакӣ беш аз 60 миллион рубл ба даст оварданд.
Аз яке аз ташкилкунандагони ин тиҷорати ғайриқонунӣ ба унвони як шаҳрванди кишвари хориҷи наздик ёд шудааст.
Таъкид шудааст, ки онҳо ба муҳоҷирон патент, санади қайди муваққатӣ ва дигар аснодро пешниҳод мекардаанд. Инчунин муттаҳамон ба таҳияи шаҳодатномаҳои забони русӣ, омодасозии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия низ машғул будаанд.
"Ҳар яке аз мизоҷон барои асноди тақаллубӣ аз 2,5 миллион рубл ва бештар аз он пардохт мекарданд. Бар асоси ҳисоби пешакӣ, даромади ҷиноӣ аз 60 миллион рубл бештар будааст", - афзуд Волк.
Таъкид шудааст, ки аз гумонбарон шиноснома, акс, санадҳои муҳоҷиратӣ, таппончаи сабтнашуда, маблағ ва васоити алоқа мусодира гардидааст.
Манбаъ афзуд, ки феълан муттаҳамон дар ҳабси хонагӣ қарор дошта, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсияти шарикони ин тиҷорат ва мизоҷонро муайян мекунанд.