Тоҷикистон дар олимпиадаи Пекин ширкат намекунад: шарҳи кумита

© Sputnik / Анна Раткогло / Гузариш ба медиабонкОлимпийские объекты зимних Олимпийских игр-2022 в Пекине
Олимпийские объекты зимних Олимпийских игр-2022 в Пекине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Обуна шудан
Варзишкорони тоҷик натавонистанд барои ширкат дар олимпиадаи Пекин роҳхат бигиранд
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин иштирок намекунад, дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Манбаъ гуфт, варзишгарони тоҷик натавонистанд роҳхати олимпиро ба даст оранд, зеро дар кишвар танҳо дар намуди варзишҳои зимистона лижаронии кӯҳӣ асту тамом.
Ҳамазмон ба гуфтаи кумита, ду нафар аз варзишкорони кишвар аллакай аз стипендияи олимпӣ бархурдор будаанд.
Масъули КМО гуфт, ҳамзамон бар асари пандемияи коронавирус варзишгарони тоҷик дар чанд сабқат иштирок карда натавонист.

"Се-чор мусобиқаи литсензионӣ буд, ки мебоист дар Покистону Эрон доир шаванд, вале бо сабаби пандемия барҳам дода шуданд", - гуфт манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки раҳбари Чин Си Ҷинпин сарони кишварҳои Осиёи Марказиро барои боздид аз кишвараш ва иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ даъват намудааст.
Аз ҷумла аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ даъват шудааст, ки дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона-2022 иштирок намояд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон (справа) и председатель КНР Си Цзиньпин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
Раҳмон ва Ҷинпин ҳамдигарро шодбош гуфтанд
То ҳол мақомоти тоҷик расман дар бораи сафари Раҳмон ба Чин хабаре нашр накардаанд.
Маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона-2022 рӯзи чаҳоруми феврал дар варзишгоҳи Пекин баргузор мешавад.
Бозиҳои зимистона дар Чин аз чаҳорум то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, ҳоккей ва ғайра дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0