https://sputnik.tj/20220104/rahmon-jinpin-shodbosh-guftand-1044595622.html
Раҳмон ва Ҷинпин ҳамдигарро шодбош гуфтанд
Раҳмон ва Ҷинпин ҳамдигарро шодбош гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони Тоҷикистону Чин аз ҳамкориҳои дуҷониба истиқбол намуда, изҳор доштанд, ки минбаъд низ ба ҳамин раванд идома медиҳанд
2022-01-04T12:49+0500
2022-01-04T12:49+0500
2022-01-04T14:10+0500
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
си ҷинпин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/08/1040749849_0:163:2693:1678_1920x0_80_0_0_baac551228c86e18e734b173f80fc8c4.jpg
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Аз барпо шудани робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чим расо 30 сол сипарӣ шуд. Ба ин муносибат роҳбарони Тоҷикистону Чин барои шодбошии ҳамдигар барқияҳои табрикотӣ ирсол намуданд.Бар хабари дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи ирсолнамудааш 30 соли робитаҳои дипломатиро ба раиси Чин, Си Ҷинпин муборак гуфта, аз муносибатҳои дӯстона ва самараноку гуногунҷабҳа миёни Тоҷикистону Чин қайд намуд.Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, муносибатҳо миёни ин ду кишвар бар пояи усули ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар, ҳамдастӣ ва робитаҳои байнидавлатии сифатан нав асос ёфтааст.Дар идома роҳбари давлат изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Чин бо такя ба таҷрибаи созанда минбаъ д низ густариш ёфта ба манфиати мардумони ҳар ду давлат хоҳад буд.Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Си Ҷинпин низ дар номаи табрикотии худ қайд намуд, ки тайи 30 соли гузашта муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон ба рушди босуръат ва сатҳи баландтарини худ дар тӯли таърих ноил гардидаанд."Бахусус, солҳои охир мо пешопеши ҷомеаи байналмилалӣ ва аз шумораи аввалинҳо барои бунёди Ҷомеаи рушд ва Ҷомеаи амният, ки ҷиҳати ташкили Ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният намуна будаанд, гом гузоштем", - қайд намудааст ҶинпинҶаноби Ҷинпин аз пандемия гуфт ва тавзеҳ дод, ки "бо имдодрасонии мардумони ду кишвар бародарии воқеиро ба намоиш гузоштем".Дар идома ӯ қайд намуд, ки ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин таваҷҷӯҳи зиёд дорад ва минбаъд низ ҳамкорӣ ва муносибатҳои қавиро ба роҳ мемонад. Раиси Чин ба кулли тоҷикистониён саодат ва некуаҳволӣ таманно кард.
https://sputnik.tj/20211125/hajm-qarz-tojikiston-chin-qarzdor-1043751940.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/08/1040749849_120:0:2573:1840_1920x0_80_0_0_5f7de9dbf5944d9f67c18177a258ebb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
си ҷинпин эмомалӣ раҳмон табрик
си ҷинпин эмомалӣ раҳмон табрик
Раҳмон ва Ҷинпин ҳамдигарро шодбош гуфтанд
12:49 04.01.2022 (Навсозишуда: 14:10 04.01.2022) Роҳбарони Тоҷикистону Чин аз ҳамкориҳои дуҷониба истиқбол намуда, изҳор доштанд, ки минбаъд низ ба ҳамин раванд идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Аз барпо шудани робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чим расо 30 сол сипарӣ шуд. Ба ин муносибат роҳбарони Тоҷикистону Чин барои шодбошии ҳамдигар барқияҳои табрикотӣ ирсол намуданд.
Бар хабари дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи ирсолнамудааш 30 соли робитаҳои дипломатиро ба раиси Чин, Си Ҷинпин муборак гуфта, аз муносибатҳои дӯстона ва самараноку гуногунҷабҳа миёни Тоҷикистону Чин қайд намуд.
"Мояи фараҳмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Чин дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн масири рушди бемайлон касб карда, ба сатҳи баланди шарикии стратегии ҳамаҷониба расидаанд", - омадааст дар табрикнома.
Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, муносибатҳо миёни ин ду кишвар бар пояи усули ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар, ҳамдастӣ ва робитаҳои байнидавлатии сифатан нав асос ёфтааст.
Дар идома роҳбари давлат изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Чин бо такя ба таҷрибаи созанда минбаъ д низ густариш ёфта ба манфиати мардумони ҳар ду давлат хоҳад буд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Си Ҷинпин низ дар номаи табрикотии худ қайд намуд, ки тайи 30 соли гузашта муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон ба рушди босуръат ва сатҳи баландтарини худ дар тӯли таърих ноил гардидаанд.
"Бахусус, солҳои охир мо пешопеши ҷомеаи байналмилалӣ ва аз шумораи аввалинҳо барои бунёди Ҷомеаи рушд ва Ҷомеаи амният, ки ҷиҳати ташкили Ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният намуна будаанд, гом гузоштем", - қайд намудааст Ҷинпин
Ҷаноби Ҷинпин аз пандемия гуфт ва тавзеҳ дод, ки "бо имдодрасонии мардумони ду кишвар бародарии воқеиро ба намоиш гузоштем".
Дар идома ӯ қайд намуд, ки ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин таваҷҷӯҳи зиёд дорад ва минбаъд низ ҳамкорӣ ва муносибатҳои қавиро ба роҳ мемонад. Раиси Чин ба кулли тоҷикистониён саодат ва некуаҳволӣ таманно кард.