https://sputnik.tj/20220124/se-raqibi-muntakhabi-javonon-tojikiston-daqiq-shud-1045080179.html
Омодагӣ ба “Ҷоми рушд”: се рақиби миллипӯшони Тоҷикистон барои бозии санҷишӣ дақиқ шуд
Омодагӣ ба “Ҷоми рушд”: се рақиби миллипӯшони Тоҷикистон барои бозии санҷишӣ дақиқ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар давраи омодагияшон дар Туркия муайян шуд
2022-01-24T11:11+0500
2022-01-24T11:11+0500
2022-01-24T11:23+0500
ффт
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/18/1045080257_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_2f12a4fcb3d5afe0f150adfd5f53c942.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар марҳилаи омодагӣ дар Туркия мунтахаби наврасони Тоҷикистон чаҳор бозии санҷишӣ баргузор мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ФФТ.Ба иттилои манбаъ, 24 январ яккачини Тоҷикистон бо ҳамсолони булғорияшон бозии санҷишӣ мегузаронад. Дар бозии дуюм, рӯзи шанбеи 29-уми январ, шогирдони Зайниддин Раҳимов бо Академияи Краснодар (U-17) рӯбарӯ хоҳанд шуд. Рӯзи 31 январ наврасони Тоҷикистон бо тими Булғористон бозии дуввуми дӯстона анҷом медиҳанд. Рақиби ниҳоии дастаи наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи омодагиҳояш дар Анталия мунтахаби Мексика хоҳад буд. Ин дидор рӯзи 3 феврал баргузор мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) пас аз анҷоми тамрин дар Туркия ба шаҳри Минск, ки дар он ҷо 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз 5 то 14 феврал дар пойтахти Белорус доир мешавад, ширкат хоҳанд кард.Ёдовар мешавем, дастаи футболи наврасони Тоҷикистон соли қабл медалҳои тилло ва барандаи воқеии "Ҷоми Рушд - 2021" гардида буд.Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад.
https://sputnik.tj/20210207/Turdiev-Tojikiston-jomi-rushd-musobiqa-1032776261.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/18/1045080257_84:0:1151:800_1920x0_80_0_0_18a34083a914c201c594f3b8139bfc48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омодагӣ миллипӯшон тоҷикистон бозӣ
омодагӣ миллипӯшон тоҷикистон бозӣ
Омодагӣ ба “Ҷоми рушд”: се рақиби миллипӯшони Тоҷикистон барои бозии санҷишӣ дақиқ шуд
11:11 24.01.2022 (Навсозишуда: 11:23 24.01.2022) Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар давраи омодагияшон дар Туркия муайян шуд
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар марҳилаи омодагӣ дар Туркия мунтахаби наврасони Тоҷикистон чаҳор бозии санҷишӣ баргузор мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, 24 январ яккачини Тоҷикистон бо ҳамсолони булғорияшон бозии санҷишӣ мегузаронад.
Дар бозии дуюм, рӯзи шанбеи 29-уми январ, шогирдони Зайниддин Раҳимов бо Академияи Краснодар (U-17) рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Рӯзи 31 январ наврасони Тоҷикистон бо тими Булғористон бозии дуввуми дӯстона анҷом медиҳанд.
Рақиби ниҳоии дастаи наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи омодагиҳояш дар Анталия мунтахаби Мексика хоҳад буд. Ин дидор рӯзи 3 феврал баргузор мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) пас аз анҷоми тамрин дар Туркия ба шаҳри Минск, ки дар он ҷо 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз 5 то 14 феврал дар пойтахти Белорус доир мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, дастаи футболи наврасони Тоҷикистон соли қабл медалҳои тилло ва барандаи воқеии "Ҷоми Рушд - 2021" гардида буд.
Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад.