https://sputnik.tj/20210207/Turdiev-Tojikiston-jomi-rushd-musobiqa-1032776261.html
Турдиев дар бораи пирӯзии Тоҷикистон дар "Ҷоми рушд": мусобиқа ба мо бисёр чизҳо дод
Турдиев дар бораи пирӯзии Тоҷикистон дар "Ҷоми рушд": мусобиқа ба мо бисёр чизҳо дод
Sputnik Тоҷикистон
Аҳлиддин Турдиев, мураббии дастаи футболи наврасони Тоҷикистон, дар бораи ояндаи варзишгарони ҷавон сухан гуфт 07.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-07T12:50+0500
2021-02-07T12:50+0500
2021-04-19T17:26+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
мунтахаби наврасони ҷт
пирӯзӣ
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/07/1032775560_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_d17c2f7a3d9b11a6b8cd259c16962f29.jpg
ДУШАНБЕ, 7 феврал - Sputnik. Аҳлиддин Турдиев, мураббии дастаи футболи наврасони Тоҷикистон, таассуроти худро пас аз пирӯзӣ бар тими миллии Беларус ва пирӯзӣ дар "Ҷоми Рушд-2021" изҳор кард. Навори сӯҳбати мураббии тоҷик дар канали Youtube -и Федератсияи футболи Беларус нашр шудааст.Турдиев гуфт, ки бозии охирин бо тими миллии Беларус душвор гузашт, қисман аз он сабаб буд, ки бачаҳо каме ором шуданд, зеро медонистанд, ки новобаста аз натиҷа онҳо ҳамчун чемпион мераванд."Мо ба раванди бозӣ дохил нашудем, ҳамдигарфаҳмӣ набуд. Аммо ҳангоми танаффус мо бо бачаҳо гуфтугӯ кардем ва дар қисми дуввум онҳо бозиеро, ки мо ҳамеша интизор будем, нишон доданд", - гуфт мураббӣ.Мураббии наврасони Тоҷикистон қайд кард, ки "Ҷоми рушд" мусобиқаи хеле хубест, ки дар рушди футбол кумак мекунад.Тоҷикистон қаҳрамон! Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони "Ҷоми рушд": видеоНомбурда аз он изҳори таассуф кард, ки бинобар пандемия, рақибони боқимонда омада натавонистанд ва инчунин қайд карданд, ки набудани тамошобинон ба бозӣ таъсири калон мерасонад."Мусобиқа ба мо бисёр чизҳоро дод. Мо ин наврасонро барои оянда омода карда истодаем, кӯшиш мекунем, ки онҳоро ҳар моҳ ба ҷое барем. Талош мекунем, барои онҳо бозиҳои байналмилалӣ бештар созмон диҳем", - гуфт мутахассиси тоҷик.Турдиев илова кард, ки бозиҳои меҳмонӣ ба футболбозони ҷавон имконият медиҳанд, ки дар оянда як футболбози хуб шудан ва баробари ба тими мунтахаби Тоҷикистон ворид шудан як қадам ба пеш гузоранд.
https://sputnik.tj/20210207/Bozi-Tojikiston-Belarus-video-1032775202.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/07/1032775560_67:0:1148:811_1920x0_80_0_0_f197997b4e0e697a6fca67e999380dd7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, мунтахаби наврасони ҷт, пирӯзӣ, футбол
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, мунтахаби наврасони ҷт, пирӯзӣ, футбол
Турдиев дар бораи пирӯзии Тоҷикистон дар "Ҷоми рушд": мусобиқа ба мо бисёр чизҳо дод
12:50 07.02.2021 (Навсозишуда: 17:26 19.04.2021) Аҳлиддин Турдиев, мураббии дастаи футболи наврасони Тоҷикистон, дар бораи ояндаи варзишгарони ҷавон сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 7 феврал - Sputnik. Аҳлиддин Турдиев, мураббии дастаи футболи наврасони Тоҷикистон, таассуроти худро пас аз пирӯзӣ бар тими миллии Беларус ва пирӯзӣ дар "Ҷоми Рушд-2021" изҳор кард. Навори сӯҳбати мураббии тоҷик дар канали Youtube -и Федератсияи футболи Беларус нашр шудааст.
Турдиев гуфт, ки бозии охирин бо тими миллии Беларус душвор гузашт, қисман аз он сабаб буд, ки бачаҳо каме ором шуданд, зеро медонистанд, ки новобаста аз натиҷа онҳо ҳамчун чемпион мераванд.
"Мо ба раванди бозӣ дохил нашудем, ҳамдигарфаҳмӣ набуд. Аммо ҳангоми танаффус мо бо бачаҳо гуфтугӯ кардем ва дар қисми дуввум онҳо бозиеро, ки мо ҳамеша интизор будем, нишон доданд", - гуфт мураббӣ.
Мураббии наврасони Тоҷикистон қайд кард, ки "Ҷоми рушд" мусобиқаи хеле хубест, ки дар рушди футбол кумак мекунад.
Номбурда аз он изҳори таассуф кард, ки бинобар пандемия, рақибони боқимонда омада натавонистанд ва инчунин қайд карданд, ки набудани тамошобинон ба бозӣ таъсири калон мерасонад.
"Мусобиқа ба мо бисёр чизҳоро дод. Мо ин наврасонро барои оянда омода карда истодаем, кӯшиш мекунем, ки онҳоро ҳар моҳ ба ҷое барем. Талош мекунем, барои онҳо бозиҳои байналмилалӣ бештар созмон диҳем", - гуфт мутахассиси тоҷик.
Турдиев илова кард, ки бозиҳои меҳмонӣ ба футболбозони ҷавон имконият медиҳанд, ки дар оянда як футболбози хуб шудан ва баробари ба тими мунтахаби Тоҷикистон ворид шудан як қадам ба пеш гузоранд.