https://sputnik.tj/20220124/safar-chin-prezident-qirghiziston-fosilavi-1045084440.html
Пеш аз сафар ба Чин президенти Қирғизистон ба кори фосилавӣ гузашт
Пеш аз сафар ба Чин президенти Қирғизистон ба кори фосилавӣ гузашт
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, сарфи назар аз шеваи фосилавӣ, реҷаи кории президент комил хоҳад буд
2022-01-24T13:15+0500
2022-01-24T13:15+0500
2022-02-01T13:13+0500
дар ҷаҳон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
чин
қирғизистон
кор
бозиҳои олимпии пекин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040522557_0:30:2669:1531_1920x0_80_0_0_3d1bf5ebcf84b19b6bd490dfd9eef39f.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ба кори фосилавӣ гузашт, хабар дод дафтари матбуотияш. Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин иқдом ба сафари қарибулвуқуи раисҷумҳур ба Чин дар моҳи феврал рабт дорад. Гуфта мешавад, ки сафари Ҷабборов ба Чин рӯзҳои 3-5 феврал дар назар аст. Дар доираи ин сафар иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона дар Пекин ва мулоқот бо раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар нақша аст. Маврид ба зикр аст, ки Ҷинпин аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ даъват кардааст, ки дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона-2022 иштирок намояд. Феълан мақомоти тоҷик расман дар бораи сафари Раҳмон ба Чин хабаре нашр накардаанд.Инчунин иштироки раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпӣ дар Пекин дар назар аст. Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона-2022 рӯзи чаҳоруми феврал дар варзишгоҳи Пекин баргузор мешавад. Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, ҳоккей ва ғайра дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220123/davat-jinpin-emomali-rahmon-bozdid-chin-1045071690.html
чин
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040522557_0:0:2669:2003_1920x0_80_0_0_00a97e45935bb3934b57af02a6ef7978.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кор, фосилавӣ, президент, чин
кор, фосилавӣ, президент, чин
Пеш аз сафар ба Чин президенти Қирғизистон ба кори фосилавӣ гузашт
13:15 24.01.2022 (Навсозишуда: 13:13 01.02.2022) Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, сарфи назар аз шеваи фосилавӣ реҷаи кории президент комил хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ба кори фосилавӣ гузашт, хабар дод дафтари матбуотияш.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин иқдом ба сафари қарибулвуқуи раисҷумҳур ба Чин дар моҳи феврал рабт дорад.
"Ин тасмим ба далели риоияи қоидаи бехатарии эпидемиологӣ аз коронавирус дар ҷаҳон гирифта шудаст", - тавзеҳ дод котиботи раисҷумҳур.
Гуфта мешавад, ки сафари Ҷабборов ба Чин рӯзҳои 3-5 феврал дар назар аст. Дар доираи ин сафар иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона дар Пекин ва мулоқот бо раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар нақша аст.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷинпин аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ даъват кардааст, ки дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона-2022 иштирок намояд. Феълан мақомоти тоҷик расман дар бораи сафари Раҳмон ба Чин хабаре нашр накардаанд.
Инчунин иштироки раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпӣ дар Пекин дар назар аст.
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона-2022 рӯзи чаҳоруми феврал дар варзишгоҳи Пекин баргузор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, ҳоккей ва ғайра дар назар аст.