https://sputnik.tj/20220124/kreml-ukraina-niyati-zurovari-donbass-1045097486.html
Кремл аз НАТО хост, Украинаро аз нияти зӯроварияш дар Донбасс боздорад
Кремл аз НАТО хост, Украинаро аз нияти зӯроварияш дар Донбасс боздорад
Sputnik Тоҷикистон
Таҷаммӯи нерӯҳои украинӣ дар наздикии Донбасс далолат ба омодагӣ барои ҳамла мекунад
2022-01-24T17:30+0500
2022-01-24T17:30+0500
2023-10-02T17:09+0500
донбасс
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
нато
ҷилавгирӣ
зӯроварӣ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042807211_0:185:3005:1875_1920x0_80_0_0_e01b5695d88daa8e3bc1ee69b77e6eaf.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия хост, ҳама аз Киев даъват кунанд, ки нияти ҳалли мушкили Донбасс бо истифодаи зӯровариро дар сар напарварад. Вай афзуд, дар чунин шароит аз кишварҳои НАТО даъват карданд, то аз Киев дархост намоянд, ки шеваи зӯриро дар ҳалли мухолифати Донбасс кор набарад. Таъкиди Песков ба ин нукта дар ҳолест, ки таҷаммуи нерӯҳои украинӣ дар наздикии хатти баҳамоӣ дар назди ҷумҳуриҳои худхондаи Луганску Донетск ва оташкушоиҳо 5 баробар афзоиш ёфтаанд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия қаблан дар мулоқот бо мақомдорони ИМА бори дигар таъкид намуд, ки Русия нияти ҳамла ба хоки ҳич ҳамсояашро надорад. Ӯ гуфт, ҳамаи иттиҳомот алайҳи Маскав ба канор бурдани таваҷҷуҳ аз талошҳои Киев барои қатъи роҳҳои мусолиматомези мушкили Донбасс равона шудаанд.Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин самт боқӣ монад.Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220112/posukh-kreml-payom-kiev-qati-dargiri-donbass-1044752395.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042807211_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f06e521faa3ad434df478adc36579ea1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кремл, мухолифат, зӯроварӣ, донбасс
кремл, мухолифат, зӯроварӣ, донбасс
Кремл аз НАТО хост, Украинаро аз нияти зӯроварияш дар Донбасс боздорад
17:30 24.01.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Таҷаммуи нерӯҳои украинӣ дар наздикии Донбасс далолат ба омодагӣ барои ҳамла мекунад
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия хост, ҳама аз Киев даъват кунанд, ки нияти ҳалли мушкили Донбасс бо истифодаи зӯровариро дар сар напарварад.
"Воқеан таҷаммуи нерӯ далолат ба омодагӣ барои амалиёти таҳоҷумӣ мекунад ва чунин хатар вуҷуд дорад", - гуфт Песков дар суҳбат бо рӯзноманигорон.
Вай афзуд, дар чунин шароит аз кишварҳои НАТО даъват карданд, то аз Киев дархост намоянд, ки шеваи зӯриро дар ҳалли мухолифати Донбасс кор набарад.
Таъкиди Песков ба ин нукта дар ҳолест, ки таҷаммуи нерӯҳои украинӣ дар наздикии хатти баҳамоӣ дар назди ҷумҳуриҳои худхондаи Луганску Донетск ва оташкушоиҳо 5 баробар афзоиш ёфтаанд.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия қаблан дар мулоқот бо мақомдорони ИМА бори дигар таъкид намуд, ки Русия нияти ҳамла ба хоки ҳич ҳамсояашро надорад. Ӯ гуфт, ҳамаи иттиҳомот алайҳи Маскав ба канор бурдани таваҷҷуҳ аз талошҳои Киев барои қатъи роҳҳои мусолиматомези мушкили Донбасс равона шудаанд.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин самт боқӣ монад.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.