https://sputnik.tj/20220112/posukh-kreml-payom-kiev-qati-dargiri-donbass-1044752395.html
Посухи Кремл ба паёми Киев дар мавриди гуфтушунид барои қатъи даргирӣ дар Донбасс
Посухи Кремл ба паёми Киев дар мавриди гуфтушунид барои қатъи даргирӣ дар Донбасс
Sputnik Тоҷикистон
Кремл ба изҳороти президенти Украина дар бораи омодагияш барои музокирот дар мавриди Донбасс посух дод
2022-01-12T16:05+0500
2022-01-12T16:05+0500
2023-10-02T17:09+0500
донбасс
дар ҷаҳон
сиёсат
амният ва мудофиа
дмитрий песков
раисҷумҳури русия
кремл
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031976764_0:77:3050:1793_1920x0_80_0_0_d73b430c3186564fd9d291e5fab6ca6f.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Русия ҳам барои музокирот дар ҷиҳати қатъи даргириҳо дар Донбасс омодааст, аммо бояд аввал созишҳои пешӣ амалӣ гарданд, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл. "Русия омода мебошад, аммо дар навбати аввал зарур аст, ки тавофуқоти қаблан ҳосилшуда иҷро шаванд. Бор кардани созишҳои нави иҷронашаванда ба тавофуқоти қаблии иҷронашуда ба фикри мо таҷрибаи хуб нест", - изҳор дошт сухангӯи раисҷумҳури Русия. Ӯ зимни шарҳи мулоқоти эҳтимолии чоргонаи нормандӣ изҳор дошт, ки ишораҳо ба ин вохӯрӣ ҳич гоҳ аз байн нарафтаанд. Аммо мушахассот дар мавриди замони баргузории он ба далоиле, ки зикр шудаанд, маълум нестанд, илова намуд Песков. Ин дар ҳолест, ки Владимир Зеленский, президенти Украина ахиран гуфт, вақти он фаро расидааст, ки барои коҳиши ҳадафмандонаи ташаннуҷ дар Донбасс созиш шавад. "Мо барои қабули қарорҳои зарурӣ дар мулоқоти нави роҳбарони кишварҳои чоргона омодаем", - хабар дод дафтари матбуотии президенти Украина аз қавли Зеленский.Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "Чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин замина боқӣ монад.Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220111/zelenskiy-muzokirot-dargiri-donbass-omoda-1044713923.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031976764_306:0:3037:2048_1920x0_80_0_0_27314095279decd43f07bb23901068f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
посух, кремл, путин, паём, донбасс
посух, кремл, путин, паём, донбасс
Посухи Кремл ба паёми Киев дар мавриди гуфтушунид барои қатъи даргирӣ дар Донбасс
16:05 12.01.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Кремл ба изҳороти президенти Украина дар бораи омодагияш барои музокирот дар мавриди Донбасс посух дод
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Русия ҳам барои музокирот дар ҷиҳати қатъи даргириҳо дар Донбасс омодааст, аммо бояд аввал созишҳои пешӣ амалӣ гарданд, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл.
"Русия омода мебошад, аммо дар навбати аввал зарур аст, ки тавофуқоти қаблан ҳосилшуда иҷро шаванд. Бор кардани созишҳои нави иҷронашаванда ба тавофуқоти қаблии иҷронашуда ба фикри мо таҷрибаи хуб нест", - изҳор дошт сухангӯи раисҷумҳури Русия.
Ӯ зимни шарҳи мулоқоти эҳтимолии чоргонаи нормандӣ изҳор дошт, ки ишораҳо ба ин вохӯрӣ ҳич гоҳ аз байн нарафтаанд. Аммо мушахассот дар мавриди замони баргузории он ба далоиле, ки зикр шудаанд, маълум нестанд, илова намуд Песков.
Ин дар ҳолест, ки Владимир Зеленский, президенти Украина ахиран гуфт, вақти он фаро расидааст, ки барои коҳиши ҳадафмандонаи ташаннуҷ дар Донбасс созиш шавад.
"Мо барои қабули қарорҳои зарурӣ дар мулоқоти нави роҳбарони кишварҳои чоргона омодаем", - хабар дод дафтари матбуотии президенти Украина аз қавли Зеленский.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "Чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин замина боқӣ монад.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.