https://sputnik.tj/20220124/koronavirus-tojikiston-omor-1045077700.html
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави Вазорати тандурустӣ
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави Вазорати тандурустӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ омори нави гирифторӣ ба коронавирус дар шабонарӯзи ахирро нашр намуд
2022-01-24T09:00+0500
2022-01-24T09:00+0500
2022-01-24T18:24+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
коронавирус
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032254766_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_96b51d37ef00649eaf037cc6d0a9c0b8.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 26 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориш медиҳад.Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17180 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар шифо ёфтаанд.Ҳамчунин табибон дар даврони пандемия ҷони 124 бемори COVID-19-ро наҷот дода натавонистанд.Ёдовар мешавем, пас аз наздик ба се моҳи хомӯшӣ рӯзи 21- уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.Ин ниҳоди мушаххас накардааст, навъи омикронии коронавирус, ки дар кишварҳои ҳамсоя пайдо шуд, миёни гирифторони нав дар Тоҷикистон ҳаст ва ё на.Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.Тибқи тавсияҳои Ситоди фаврии мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирии паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.Суръати эмгузаронии ахолӣ низ зиёд карда шуд. Ҳамзамон, табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд.
https://sputnik.tj/20220123/vaksina-tojikiston-istifoda-omikron-ojiz-1045073978.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032254766_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_09c10fc48aff68d3fa956011d49e94d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус тоҷикистон омори
коронавирус тоҷикистон омори
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави Вазорати тандурустӣ
09:00 24.01.2022 (Навсозишуда: 18:24 24.01.2022) Вазорати тандурустӣ омори нави гирифторӣ ба коронавирус дар шабонарӯзи ахирро нашр намуд
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 26 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17180 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар шифо ёфтаанд.
Ҳамчунин табибон дар даврони пандемия ҷони 124 бемори COVID-19-ро наҷот дода натавонистанд.
Ёдовар мешавем, пас аз наздик ба се моҳи хомӯшӣ рӯзи 21- уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Ин ниҳоди мушаххас накардааст, навъи омикронии коронавирус, ки дар кишварҳои ҳамсоя пайдо шуд, миёни гирифторони нав дар Тоҷикистон ҳаст ва ё на.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.
Тибқи тавсияҳои Ситоди фаврии мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.
Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирии паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
Суръати эмгузаронии ахолӣ низ зиёд карда шуд. Ҳамзамон, табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд.