https://sputnik.tj/20220123/vaksina-tojikiston-istifoda-omikron-ojiz-1045073978.html
Яке аз ваксинаҳое, ки дар Тоҷикистон ҳам истифода мешавад, алайҳи омикрон оҷиз аст: Кадом?
Яке аз ваксинаҳое, ки дар Тоҷикистон ҳам истифода мешавад, алайҳи омикрон оҷиз аст: Кадом?
Sputnik Тоҷикистон
Олимон мегӯянд, яке аз ваксинаҳое, ки ар Тоҷикистон ҳам истифода мешавад, алайҳи навъи нави коронавирус корношоям мебошад
2022-01-23T16:34+0500
2022-01-23T16:34+0500
2022-01-24T17:20+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
таъсир
чинӣ
кам
ваксина
коронавирус
бемор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034803_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_e16d228a569ca260cc1004cec5f3403c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ваксинаҳои чинии "CoronaVac" алайҳи омикрон тақрибан корношояманд, изҳор доштаанд бархе олимон, ки таҳқиқоташон дар маҷаллаи "Nature Medicine" нашр шудаст. Ба гуфтаи мутахассисон, ба далели камсамарии ин ваксин миллионҳо нафар метавонанд таҳти хатари мубталошавӣ ба омикрон қарор гиранд. Таъкид шудааст, ки зимни таҳқиқот олимон намунаи хуни сад нафареро ташхис кардаанд, ки ваксинаи "CoronaVac" гирифтаанд ва баъдан бо "Pfizer" дубора моякӯбӣ шудаанд. Хунро то гирифтани вояи сеюм ва баъди 28 рӯзи моякӯбӣ гирифта, таҳти таъсири COVID-19 қарор додаанд, то тавоноии нобудсозии штми "уханӣ", делта ва омикроно санҷанд. Маълум шудааст, ки бо ду навъи аввали коронавирус ваксинаи "CoronaVac" хуб мубориза бурдааст, аммо бо омикрон самаранокии хуб нишон надодааст. Мутахассисон барои сокинони кишварҳое, ки аз доруи чинӣ истифода кардаанд, маслиҳат додаанд, ки дубора ваксина гиранд. Маврид ба зикр аст, ки "CoronaVac" эҳтимолияти гирифторӣ ба коронавирусро 50,4% ва хатари маргро 94%.кам мекунад. Феълан истифодаи ин ваксина ваксина дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон низ иҷозат дода шудааст, ки ахиран ҳудуди 3 миллион вояро дастрас намуд.
https://sputnik.tj/20220122/tasiri-koronavirus-ba-mardon-gufta-shud-1045063686.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034803_133:0:1200:800_1920x0_80_0_0_09ec690034225587f0bd72bd7fdd43b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваксина, омикрон, коронавирус, корношоям, навъ, оҷиз
ваксина, омикрон, коронавирус, корношоям, навъ, оҷиз
Яке аз ваксинаҳое, ки дар Тоҷикистон ҳам истифода мешавад, алайҳи омикрон оҷиз аст: Кадом?
16:34 23.01.2022 (Навсозишуда: 17:20 24.01.2022) Гурӯҳе аз олимон мегӯянд, яке аз ваксинаҳое, ки феълан дар Тоҷикистон ҳам истифода мешавад, алайҳи навъи нави коронавирус - омикрон корношоям мебошад
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ваксинаҳои чинии "CoronaVac" алайҳи омикрон тақрибан корношояманд, изҳор доштаанд бархе олимон, ки таҳқиқоташон дар маҷаллаи "Nature Medicine" нашр шудаст.
Ба гуфтаи мутахассисон, ба далели камсамарии ин ваксин миллионҳо нафар метавонанд таҳти хатари мубталошавӣ ба омикрон қарор гиранд.
Таъкид шудааст, ки зимни таҳқиқот олимон намунаи хуни сад нафареро ташхис кардаанд, ки ваксинаи "CoronaVac" гирифтаанд ва баъдан бо "Pfizer" дубора моякӯбӣ шудаанд.
Хунро то гирифтани вояи сеюм ва баъди 28 рӯзи моякӯбӣ гирифта, таҳти таъсири COVID-19 қарор додаанд, то тавоноии нобудсозии штми "уханӣ", делта ва омикроно санҷанд.
Маълум шудааст, ки бо ду навъи аввали коронавирус ваксинаи "CoronaVac" хуб мубориза бурдааст, аммо бо омикрон самаранокии хуб нишон надодааст.
"Осебпазирии омикрон аз антителаҳо дар муқоиса бо осебпазирии навъи аввали COVID-19 ҳудуди 7 баробар кам будаасту дар муқоиса бо осебпазирии делта чор баробар", - навиштаанд пажуҳишгарон.
Мутахассисон барои сокинони кишварҳое, ки аз доруи чинӣ истифода кардаанд, маслиҳат додаанд, ки дубора ваксина гиранд.
Маврид ба зикр аст, ки "CoronaVac" эҳтимолияти гирифторӣ ба коронавирусро 50,4% ва хатари маргро 94%.кам мекунад.
Феълан истифодаи ин ваксина ваксина дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон низ иҷозат дода шудааст, ки ахиран ҳудуди 3 миллион вояро дастрас намуд.