https://sputnik.tj/20220123/rohandozi-khadamot-muhojiron-zaboni-tojiki-rusiya-1045070102.html
Роҳандозии хадамоте бо забони тоҷикӣ барои муҳоҷирон дар Русия
Роҳандозии хадамоте бо забони тоҷикӣ барои муҳоҷирон дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирон дар Русия метавонанд, машварати ҳуқуқшинос, аз ҷумла бо забони тоҷикиро гиранд. Федаратсияи муҳоҷион намуда нархи хизматрасониҳоро гуфт
2022-01-23T12:21+0500
2022-01-23T12:21+0500
2022-01-24T16:38+0500
дар русия
муҳоҷират
шикоят
хадамот
муҳоҷир
нарх
пул
муроҷиат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102422/39/1024223967_0:0:2510:1412_1920x0_80_0_0_094de52b66963051708d047c9fd36f5c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Федератсияи муҳоҷирони Русия хадамоти ҷадид барои хориҷиён дар ин кишварро роҳандозӣ кардааст.Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд бо пардохти маблағи муайян машварати ҳуқуқшиносро гиранду бевосита бо роҳбарияти ин созмон масъалаҳояшонро дар миён гузоранд, хабар дода шудаст дар саҳифаи "Telegram"-и ин созмон.Таъкид шудааст, ки машварати ҳуқуқшинос новобаста аз мавзуъ ва шеваи муроҷиат 3 ҳазор рубл нарх дорад. Зикр шудааст, ки мутахассисони Федератсия инчунин ба ивази 2 ҳазор рубл омодаанд, ба муҳоҷирон дар навиштани шикоятҳо, дархостҳо ва мактубҳо кумак намоянд. Хадамоти муроҷиат ба суд 5 ҳазор рубл арзёбӣ шудааст.Барои мулоқоти шахсӣ бо Вадим Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия корафтодагонро зарур аст, ки 15 ҳазор рубл пардохт намоянд. Ба сифати суроғаи нави созмон шаҳри Маскав, истгоҳи метрои "Проспект Мир", кӯчаи Орлово-Давидов, хонаи 2/5, корпуси 3, ошёнаи 2 зикр шудааст. Инчунин муҳоҷирон метавонанд аз тариқи рақамҳои 8 (963) 997-42-10 ва 8 (926) 130-75-00 аз соати 9:00 то 21:00 ба ФМР муроҷиат намоянд. Операторҳо бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ ва ӯзбекӣ машварат хоҳанд дод. Муроҷиат тариқи "info@fmr-online.ru" низ имконпазир мебошад. Роҳандозии ин хадамот дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон низ садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ барои таъмини рӯзгори хонаводаҳояшон Русия мераванд.
https://sputnik.tj/20220122/tedod-muhojiron-sverdlovsk-ziyod-1045056548.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102422/39/1024223967_305:0:2206:1426_1920x0_80_0_0_7c4254d1e5cfd9c2a87e683796f4e394.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳандозӣ, хадамот, муҳоҷирон, пулакӣ, забон, тоҷикӣ
роҳандозӣ, хадамот, муҳоҷирон, пулакӣ, забон, тоҷикӣ
Роҳандозии хадамоте бо забони тоҷикӣ барои муҳоҷирон дар Русия
12:21 23.01.2022 (Навсозишуда: 16:38 24.01.2022) Муҳоҷирон дар Русия метавонанд машварати ҳуқуқшиносро бо забони модарии худ гиранд. Федератсияи муҳоҷирон нархи хизматрасониҳоро эълон кард
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Федератсияи муҳоҷирони Русия хадамоти ҷадид барои хориҷиён дар ин кишварро роҳандозӣ кардааст.
Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд бо пардохти маблағи муайян машварати ҳуқуқшиносро гиранду бевосита бо роҳбарияти ин созмон масъалаҳояшонро дар миён гузоранд, хабар дода шудаст дар саҳифаи "Telegram"-и ин созмон.
Таъкид шудааст, ки машварати ҳуқуқшинос новобаста аз мавзуъ ва шеваи муроҷиат 3 ҳазор рубл нарх дорад. Зикр шудааст, ки мутахассисони Федератсия инчунин ба ивази 2 ҳазор рубл омодаанд, ба муҳоҷирон дар навиштани шикоятҳо, дархостҳо ва мактубҳо кумак намоянд. Хадамоти муроҷиат ба суд 5 ҳазор рубл арзёбӣ шудааст.
Барои мулоқоти шахсӣ бо Вадим Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия корафтодагонро зарур аст, ки 15 ҳазор рубл пардохт намоянд. Ба сифати суроғаи нави созмон шаҳри Маскав, истгоҳи метрои "Проспект Мир", кӯчаи Орлово-Давидов, хонаи 2/5, корпуси 3, ошёнаи 2 зикр шудааст.
Инчунин муҳоҷирон метавонанд аз тариқи рақамҳои 8 (963) 997-42-10 ва 8 (926) 130-75-00 аз соати 9:00 то 21:00 ба ФМР муроҷиат намоянд. Операторҳо бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ ва ӯзбекӣ машварат хоҳанд дод. Муроҷиат тариқи "info@fmr-online.ru" низ имконпазир мебошад.
Роҳандозии ин хадамот дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон низ садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ барои таъмини рӯзгори хонаводаҳояшон Русия мераванд.