https://sputnik.tj/20220124/chin-jinpin-putin-mavrid-ukraina-durugh-1045088410.html
Чину Русия хоҳиши Ҷинпин аз Путин дар мавриди Украинаро дурӯғ хонданд
Чину Русия хоҳиши Ҷинпин аз Путин дар мавриди Украинаро дурӯғ хонданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Чин хабарҳо дар бораи хоҳиши роҳбари ин кишвар, аз раисҷумҳури Русия дар мавриди Украинаро бепоя хонд
2022-01-24T15:15+0500
2022-01-24T15:15+0500
2023-10-02T17:09+0500
амният ва мудофиа
чин
иттилоъ
матлаб
владимир путин
ҳуҷум
си ҷинпин
бозиҳои олимпии пекин
дар русия
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/18/1045088550_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_75f6c0a7d4664f8a30cb33d98dd3d6a5.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Чин матолиби марбути дархости роҳбараш Си Ҷинпин аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар бораи ҳуҷум накардан ба Украинаро нодуруст хонд. "Матолиб дар ин бора комилан дурӯғанд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Вазорати умури хориҷии Чин.Қаблан расонаи "Bloomberg" матлаберо нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, гӯё роҳбари Чин аз ҳамтои русиягияш даъват намудааст, дар давоми бозиҳои олимпии зимистона ба Украина ҳуҷум сурат нагирад. Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд.Мақомоти Чин таъкид кардаанд, ки чунин изҳорот на танҳо фитна алайҳи алайҳи ду кишваранд, балки халалдор кардани Бозиҳои зимистонаи олимпӣ низ мебошанд.Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова матлаби "Bloomberg"-ро на танҳо фейк, балки амалиёти махсуси иттилоотӣ хондааст. "Ин аллакай фейк нест, ин аллакай амалиёти махсуси иттилоотии мақомоти дахлдори амрикоӣ бо истифода аз васоити ахбори омма мебошад", - изҳор доштааст Захарова. Маврид ба зикр аст, ки моҳҳои охир дар расонаҳои ғарбӣ иттилоот дар бораи омодагии Маскав барои "ҳуҷум" ба Украина зиёд нашр мешаванд. Маскав борҳо ин хабарҳоро бепоя хонда, таъкид намудааст, ки чунин изҳорот чун баҳонае барои таҳкими ҳузури нерӯҳои НАТО дар наздикии марз бо Русия истифода мешаванд.
https://sputnik.tj/20220123/dabir-peshini-nato-ukraina-etilof-1045076326.html
чин
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/18/1045088550_130:0:2861:2048_1920x0_80_0_0_599eeae683b68378e4a30114c9cadeab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, хоҳиш, ҷинпин, украина, дурӯғ, путин
чин, хоҳиш, ҷинпин, украина, дурӯғ, путин
Чину Русия хоҳиши Ҷинпин аз Путин дар мавриди Украинаро дурӯғ хонданд
15:15 24.01.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Вазоратҳои умури хориҷии Русия ва Чин хабарҳо дар бораи хоҳиши Пекин аз Маскав дар мавриди Украинаро бепоя хонданд
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Чин матолиби марбути дархости роҳбараш Си Ҷинпин аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар бораи ҳуҷум накардан ба Украинаро нодуруст хонд.
"Матолиб дар ин бора комилан дурӯғанд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Вазорати умури хориҷии Чин.
Қаблан расонаи "Bloomberg" матлаберо нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, гӯё роҳбари Чин аз ҳамтои русиягияш даъват намудааст, дар давоми бозиҳои олимпии зимистона ба Украина ҳуҷум сурат нагирад. Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд.
Мақомоти Чин таъкид кардаанд, ки чунин изҳорот на танҳо фитна алайҳи алайҳи ду кишваранд, балки халалдор кардани Бозиҳои зимистонаи олимпӣ низ мебошанд.
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова матлаби "Bloomberg"-ро на танҳо фейк, балки амалиёти махсуси иттилоотӣ хондааст.
"Ин аллакай фейк нест, ин аллакай амалиёти махсуси иттилоотии мақомоти дахлдори амрикоӣ бо истифода аз васоити ахбори омма мебошад", - изҳор доштааст Захарова.
Маврид ба зикр аст, ки моҳҳои охир дар расонаҳои ғарбӣ иттилоот дар бораи омодагии Маскав барои "ҳуҷум" ба Украина зиёд нашр мешаванд. Маскав борҳо ин хабарҳоро бепоя хонда, таъкид намудааст, ки чунин изҳорот чун баҳонае барои таҳкими ҳузури нерӯҳои НАТО дар наздикии марз бо Русия истифода мешаванд.