https://sputnik.tj/20220122/tasiri-koronavirus-ba-mardon-gufta-shud-1045063686.html
Аз таъсири коронавирус ба мардон гуфтанд
Аз таъсири коронавирус ба мардон гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Олимон муайян карданд, ки воксина назадан метавонад боиси мушкилоти саломатии мардон гардад
2022-01-22T18:30+0500
2022-01-22T18:30+0500
2022-01-24T14:50+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
занон ва мардон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102868/97/1028689754_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_3f079cc7aa80af4ba630db3dfdf86c38.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв - Sputnik. Дар мақолае, ки донишмандон дар як маҷаллаи марбути бемориҳои эпидемиологӣ дар Амрико мунташир кардаанд, гуфта мешавад, коронавирус метавонад боиси коҳиши борварии кутоҳмуддати мардон гардад, баинобар ин бояд онҳо ваксина бигиранд.Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ваксина борварии ҳар ду ҷинсро коҳиш намедиҳад. Аммо муҳаққиқон дар бораи таъсири манфии эмкунӣ ба заноне, ки нияти фарзанддор шуданро доранд, чизе нагуфтанд ва қайд карданд, ки танҳо корона метавонад ба саломатӣ таҳдид кунад, на эмкунӣ. Ваксина беҳтарин роҳи ҳифзи одамон аз бемории ишемияи дил ва марг мебошад, гуфтаанд мутахассисон.Қаблан низ як таҳқиқоти олимон дар маҷаллаи "Reproduction" нашр шуда буд, ки дар он гуфта мешавад, коронавирус сифати нутфа ва ҳосили мардҳоро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.Барои иштирок дар таҳқиқот 189 ихтиёрӣ ҷалб шуданд, ки 84 нафари онҳо гирифтори COVID-19 буданд.Синну соли миёнаи ҳамаи иштирокчиён 30 сол буда, онҳо дар вазн ва фоизи чарбҳои бадан ба таври назаррас фарқ мекарданд.Тӯли 60 рӯз олимон нутфаи онҳоро бо фосилаи 10-рӯзӣ санҷидаанд.Дар зимни таҳлили беморони гирифтори коронавирус илтиҳоб ва равандҳои оксидшаванда пайдо шудаанд. Ғайр аз он сироят ба ҳаракат ва шакли нутфа таъсири манфӣ расонидааст.Ба гуфтаи коршиносон, дар нафароне, ки шакли вазнини коронавирусро аз сар гузаронидаанд, оқибатҳо ҷиддитар будаанд.Олимон қайд карданд, ки таъсир аз ин беморӣ метавонад бо мурури замон коҳиш ёбад.Дар навбати худ директори эмбриологияи гурӯҳи бритониёии CARE "Fertility Group" Элисон Кэмпбелл хоҳиш кардааст, ки мардон ба ташвиш наафтанд. Вай гуфтааст, "то ҳол ягон далели қатъӣ дар бораи таъсири дарозмуддати COVID-19 ба нутфа ё ҳосилнокии он вуҷуд надорад".
https://sputnik.tj/20210820/mardon-zanon-covid-memirand-1041775058.html
https://sputnik.tj/20210619/vaksinagiri-bezuryoi-tahdid-posuh-gintsburg-1040310462.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102868/97/1028689754_132:0:1879:1310_1920x0_80_0_0_e8830a45c9ebcf710b2e89b8a29a163d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус мардон таъсир
коронавирус мардон таъсир
Аз таъсири коронавирус ба мардон гуфтанд
18:30 22.01.2022 (Навсозишуда: 14:50 24.01.2022) Олимон муайян карданд, ки воксина назадан метавонад боиси мушкилоти саломатии мардон гардад
ДУШАНБЕ, 22 янв - Sputnik. Дар мақолае, ки донишмандон дар як маҷаллаи марбути бемориҳои эпидемиологӣ дар Амрико мунташир кардаанд, гуфта мешавад, коронавирус метавонад боиси коҳиши борварии кутоҳмуддати мардон гардад, баинобар ин бояд онҳо ваксина бигиранд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ваксина борварии ҳар ду ҷинсро коҳиш намедиҳад.
Аммо муҳаққиқон дар бораи таъсири манфии эмкунӣ ба заноне, ки нияти фарзанддор шуданро доранд, чизе нагуфтанд ва қайд карданд, ки танҳо корона метавонад ба саломатӣ таҳдид кунад, на эмкунӣ.
Ваксина беҳтарин роҳи ҳифзи одамон аз бемории ишемияи дил ва марг мебошад, гуфтаанд мутахассисон.
Қаблан низ як таҳқиқоти олимон дар маҷаллаи "
Reproduction" нашр шуда буд, ки дар он гуфта мешавад, коронавирус сифати нутфа ва ҳосили мардҳоро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.
Барои иштирок дар таҳқиқот 189 ихтиёрӣ ҷалб шуданд, ки 84 нафари онҳо гирифтори COVID-19 буданд.
Синну соли миёнаи ҳамаи иштирокчиён 30 сол буда, онҳо дар вазн ва фоизи чарбҳои бадан ба таври назаррас фарқ мекарданд.
Тӯли 60 рӯз олимон нутфаи онҳоро бо фосилаи 10-рӯзӣ санҷидаанд.
Дар зимни таҳлили беморони гирифтори коронавирус илтиҳоб ва равандҳои оксидшаванда пайдо шудаанд. Ғайр аз он сироят ба ҳаракат ва шакли нутфа таъсири манфӣ расонидааст.
Ба гуфтаи коршиносон, дар нафароне, ки шакли вазнини коронавирусро аз сар гузаронидаанд, оқибатҳо ҷиддитар будаанд.
Олимон қайд карданд, ки таъсир аз ин беморӣ метавонад бо мурури замон коҳиш ёбад.
Дар навбати худ директори эмбриологияи гурӯҳи бритониёии CARE "Fertility Group" Элисон Кэмпбелл хоҳиш кардааст, ки мардон ба ташвиш наафтанд. Вай гуфтааст, "то ҳол ягон далели қатъӣ дар бораи таъсири дарозмуддати COVID-19 ба нутфа ё ҳосилнокии он вуҷуд надорад".