Чӣ гуна бе ташхис метавон фаҳмид, ки гирифтори омикрон шудаед? Посухи табиб

© Flickr \ Nenad StojkovicНаучная сотрудница смотрит в микроскоп
Научная сотрудница смотрит в микроскоп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Обуна шудан
Табибон нишонаҳои асосии омикронро ном бурданд, ки бидуни ташхис ҳам бемор метавонад пай барад, ки гирифтори омикрон шудааст
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Комиссари Департаменти ҷамъиятии тандурустии Чикаго Эллисон Арвади мегӯяд, яке аз нишонаҳои аслии гирифторӣ ба омикрон дард дар гулӯ мебошад.
Арвади мегӯяд, дарди гулӯ то анҷоми ташхиси COVID-19 метавонад аз гирифтории бемор ба омикрон гувоҳӣ диҳад, навиштааст "Газета.ру" бо такя NBC Chicago.
"Мо хеле рӯшан мебинем, ки дард дар ҳалқ аз пешгӯикунандаҳои асосии ибтило ба омикрон мебошад", - таъкид намудааст мутахассис.
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Яке аз ваксинаҳое, ки дар Тоҷикистон ҳам истифода мешавад, алайҳи омикрон оҷиз аст: Кадом?
Қаблан сироятшинос Евгений Тимаков изҳор дошт, ки дарди сар, гулӯ, гирифтагии овоз ва мушкилӣ дар қазои ҳоҷат тақрибан нишонаҳои саддарсадии гирифторӣ ба коронвируси навъи ҷадиданд. Барои омикрон инчунин бехобӣ, ҳарорати баланду дарди шикам хос арзёбӣ шудаанд.
Штамми нави COVID-19 бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана пайдо шуд. Он аз дигар навъҳо бо паҳншавии босуръат фарқ мекунад.
Тимаков ахиран гуфт, авҷи мизони ибтило ба коронавирус дар Русия метавонад миёнаҳои моҳи феврал фаро расад ва зимн афзуд, ки дар Маскав он каме пештар меояд.
Лентаи хабарҳо
0