https://sputnik.tj/20220123/prezident-armaniston-istefo-1045077941.html
Президенти Арманистон истеъфо дод
Президенти Арманистон истеъфо дод
Sputnik Тоҷикистон
Сарвари Арманистон тасмим гирифтааст, аз курсии мақоми раёсатҷумҳурӣ канор равад
2022-01-23T22:09+0500
2022-01-23T22:09+0500
2022-01-24T18:19+0500
сиёсат
президент
арманистон
истеъфо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102792/28/1027922864_0:0:2872:1617_1920x0_80_0_0_51d3ec1f9430ec5396a1904ceb728c9b.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Арманистон Армен Саркисян истеъфо дод. Дар ин бора сарвари давлат дар вебсайти худ хабар дод. Ба гуфтаи вай, "раисиҷумҳур абзори зарурӣ барои таъсир расонидан ба равандҳои бунёдии сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар давраи душвори кунуниро надорад". Саркисян қайд кард, ки ниҳоди сарвари давлат "набояд объекти ғайбат ва назарияҳои тавтеа бошад", ки таваҷҷуҳи ҷомеаро аз масъалаҳои муҳим дур кунад. Имрӯз ба Арманистон "амали пурмазмун ва хуб андешидашуда" лозим аст, гуфт вай. "Дар акси ҳол мо, арманиёни тамоми ҷаҳон ба ҳадафи рисолати худ намерасем, худро дар ҳошияи таърих хоҳем дид. Мо дигар ҳақ надорем, ки хато кунем", - гуфт Саркисян. Ба бовари сиёсатмадор, Арманистон аз рӯи шакл ҷумҳурии президентист, аммо на аз ҷиҳати мазмун. Вай ҳамчунин афзуд, ки раисҷумҳур ва хонаводаи ӯ ҳадафи гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ мешаванд, ки "на он қадар ба дастовардҳои ниҳоди президентӣ ба нафъи кишвар манфиатдор ҳастанд".Саркисян дар поёни муроҷиат ба артиши кишвар ва ҳамкоронаш барои фаъолияти пурсамарашон изҳори сипос кардааст. Ёдовар мешавем, ки сиёсатмадор аз соли 2018 раҳбарии Арманистонро бар уҳда дошт.
https://sputnik.tj/20210425/rahbar-armaniston-nikol-pashinyan-istefo-dod-1039024124.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102792/28/1027922864_141:0:2872:2048_1920x0_80_0_0_e0f4bb48ec55c6b4980ca967c609d3e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент арманистон истеъфо
президент арманистон истеъфо
Президенти Арманистон истеъфо дод
22:09 23.01.2022 (Навсозишуда: 18:19 24.01.2022) Сарвари Арманистон тасмим гирифтааст, аз курсии мақоми раёсатҷумҳурӣ канор равад
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Арманистон Армен Саркисян истеъфо дод. Дар ин бора сарвари давлат дар вебсайти худ хабар дод.
"Ман муддати хеле тӯлонӣ фикр кардам ва пас аз тақрибан чаҳор соли кори фаъол тасмим гирифтам, ки аз мақоми раисҷумҳури Арманистон истеъфо диҳам. Ин комилан тасмими эҳсосотӣ нест ва аз як мантиқи муайян бармеояд", - таъкид кард Саркисян.
Ба гуфтаи вай, "раисиҷумҳур абзори зарурӣ барои таъсир расонидан ба равандҳои бунёдии сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар давраи душвори кунуниро надорад".
Саркисян қайд кард, ки ниҳоди сарвари давлат "набояд объекти ғайбат ва назарияҳои тавтеа бошад", ки таваҷҷуҳи ҷомеаро аз масъалаҳои муҳим дур кунад.
Имрӯз ба Арманистон "амали пурмазмун ва хуб андешидашуда" лозим аст, гуфт вай.
"Дар акси ҳол мо, арманиёни тамоми ҷаҳон ба ҳадафи рисолати худ намерасем, худро дар ҳошияи таърих хоҳем дид. Мо дигар ҳақ надорем, ки хато кунем", - гуфт Саркисян.
Ба бовари сиёсатмадор, Арманистон аз рӯи шакл ҷумҳурии президентист, аммо на аз ҷиҳати мазмун.
Вай ҳамчунин афзуд, ки раисҷумҳур ва хонаводаи ӯ ҳадафи гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ мешаванд, ки "на он қадар ба дастовардҳои ниҳоди президентӣ ба нафъи кишвар манфиатдор ҳастанд".
Саркисян дар поёни муроҷиат ба артиши кишвар ва ҳамкоронаш барои фаъолияти пурсамарашон изҳори сипос кардааст.
Ёдовар мешавем, ки сиёсатмадор аз соли 2018 раҳбарии Арманистонро бар уҳда дошт.