Раҳбари Арманистон Никол Пашинян истеъфо дод

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Никола Пашинян выступает перед своими сторонниками в Ереване
Премьер-министр Никола Пашинян выступает перед своими сторонниками в Ереване - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
Обуна шудан
Пас аз истеъфо ӯ вазифаи Сарвазири кишварро пурра иҷро хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ахиран ба истеъфо рафт, хабар медиҳад Sputnik Арманистон.
Тибқи конститутсияи ин кишвар, интихоботи пеш аз мӯҳлат танҳо дар сурате имконпазир аст, ки сарвазир истеъфо диҳад ва парлумон ду маротиба интихоботи навро напазирад.
"Имрӯз ман барои иҷрои муқаррароти конститутсионӣ ва пароканда кардани парлумон истеъфо медиҳам", - таъкид доштааст Пашинян.
Ҳамзамон, ӯ ҳамчун сарвари муваққати ҳукумат аллакай кишварро роҳбарӣ мекунад.
"Ман метавонистам имрӯз истеъфо диҳам, аммо ман тасмим гирифтам, ки ин корро дар рӯзи шаҳрвандон анҷом диҳам. Мо қудрати аз шаҳрванд гирифтаамонро ба ӯ бармегардонем, то вай тавонад тақдири ояндаи ҳукуматро тавассути интихоботи озод, одилона ва рақобатпазир ҳал кунад" , - афзудааст Никол Пашинян.
Кочарян предложил Пашиняну встать на колени перед народом и застрелиться - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Ба Пашинян пешниҳод карданд, ки дар назди халқ ба зону зада худро парронад - видео
Ӯ таъкид кард, ки интихоботи пеш аз мӯҳлат муҳим аст, зеро дар соли 2020 Арманистон аз озмоишҳои ҷиддитарин гузашт, ки ҳамаи сиёсатмадорон, намояндагони олами фарҳанг ва чеҳраҳои ҷамъиятӣ дар бораи он сухан гуфтанд, аммо худи мардум не.
Вай интихоботро ҳамчун роҳи изҳори ақидаи мардум дар бораи рӯйдодҳои гузашта, арзёбӣ ва муайян кардани сарнавишти ояндаи онҳо медонад.
Пашинян гуфт, ки вай омодааст ба интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ равад Интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ дар Арманистон рӯзи 20 июн баргузор мешавад.
Маҷлиси Миллӣ аллакай лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси интихоботро тасдиқ кард, ки тибқи он интихоботи парлумонӣ танҳо тавассути системаи мутаносиби интихоботӣ баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0