https://sputnik.tj/20220123/havasmandii-hukumat-tabibonu-omuzgoroni-sugd-khona-1045069292.html
Ҳавасмандсозии ҳукумат: ба табибону омӯзгорони Суғд хонаҳои истиқоматӣ месозанд
Ҳавасмандсозии ҳукумат: ба табибону омӯзгорони Суғд хонаҳои истиқоматӣ месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд, ба сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои мутахасисони соҳаи тиб ва маориф шурӯъ мекунанд
2022-01-23T10:55+0500
2022-01-23T10:55+0500
2022-01-23T12:00+0500
дар тоҷикистон
кормандон
омӯзгор
ҳукумат
ҳавасмандӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/95/1031089597_0:180:3001:1868_1920x0_80_0_0_51f202aa07781a39b162e045a12149aa.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Ҳадаф аз роҳандозии ин тасмим пешгирӣ аз муҳоҷиршавии мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла табибону омӯзгорон гуфта мешавад.Бино ба иттилоъи манобеъ, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ахиран дар ҷаласаи ҳукуматӣ, ки нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии ин вилоят баррасӣ мешуд, дастур додааст.Ин дастури раиси вилояти Суғд, ба хотири дастгирии иҷтимоии мутахассисони соҳа ва пешгирӣ аз муҳоҷиршавии онҳо арзёбӣ мешавад.Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир мавзӯъи муҳоҷирати табибону омӯзгорони кишвар бештар расонаӣ мешавад.Барои мисол ба нашри хабарҳо давоми соли 2021 ҳудуди 600 омӯзгор аз вилояти Хатлон барои дарёфти рӯзии беҳтар тарки кори мактаб намуда ба муҳоҷират ру овардаанд.Бино ба хабари дарёфтӣ, давоми соли гузашта беш аз 50 корманди соҳаи тиб аз шаҳри Бӯстон ба муҳоҷират рафтаанд.Бар пояи ба иттилоъи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар Суғд, ҳоло беш аз 181 ҳазор дар муҳоҷирати Русия қарор доранд. Ҳарчанд масъулони ҳукумат омори муҳоҷиршавии мутахасисони бахши иҷтимоиро дақиқ шарҳ намедиҳанд, вале дар шумори 181 ҳазорнафараи муҳоҷирон, садҳо омӯзгору табиб низ шомил мебошанд.
https://sputnik.tj/20211227/ayodat-khonavoda-qurboniyon-munoqisha-tojikistonu-qirghiziston-1044447424.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/95/1031089597_134:0:2865:2048_1920x0_80_0_0_abc719b7983ed38d2f51457b87cf1b53.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, ҳавсманд, омӯзгорон, хона, тиб
тоҷикистон, суғд, ҳавсманд, омӯзгорон, хона, тиб
Ҳавасмандсозии ҳукумат: ба табибону омӯзгорони Суғд хонаҳои истиқоматӣ месозанд
10:55 23.01.2022 (Навсозишуда: 12:00 23.01.2022) Дар вилояти Суғд, ба сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои мутахасисони соҳаи тиб ва маориф шурӯъ мекунанд
ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Ҳадаф аз роҳандозии ин тасмим пешгирӣ аз муҳоҷиршавии мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла табибону омӯзгорон гуфта мешавад.
Бино ба иттилоъи манобеъ, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ахиран дар ҷаласаи ҳукуматӣ, ки нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии ин вилоят баррасӣ мешуд, дастур додааст.
“Раиси вилоят, ҳамаи раисони шаҳру ноҳияҳо, ректорони донишгоҳҳо, роҳбарони корхонаҳои бузурги истеҳсолии Суғдро хезонда дар барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ба табибону омӯзгорон дастур дода, роҳбарони бонкҳоро низ барои иҷрои ин кор муваззаф намуданд”, - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.
Ин дастури раиси вилояти Суғд, ба хотири дастгирии иҷтимоии мутахассисони соҳа ва пешгирӣ аз муҳоҷиршавии онҳо арзёбӣ мешавад.
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир мавзӯъи муҳоҷирати табибону омӯзгорони кишвар бештар расонаӣ мешавад.
Барои мисол ба нашри хабарҳо давоми соли 2021 ҳудуди 600 омӯзгор аз вилояти Хатлон барои дарёфти рӯзии беҳтар тарки кори мактаб намуда ба муҳоҷират ру овардаанд.
Бино ба хабари дарёфтӣ, давоми соли гузашта беш аз 50 корманди соҳаи тиб аз шаҳри Бӯстон ба муҳоҷират рафтаанд.
Бар пояи ба иттилоъи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар Суғд, ҳоло беш аз 181 ҳазор дар муҳоҷирати Русия қарор доранд. Ҳарчанд масъулони ҳукумат омори муҳоҷиршавии мутахасисони бахши иҷтимоиро дақиқ шарҳ намедиҳанд, вале дар шумори 181 ҳазорнафараи муҳоҷирон, садҳо омӯзгору табиб низ шомил мебошанд.