https://sputnik.tj/20220122/shahrvand-tojikiston-zan-gradskiy-bozdosht-1045066250.html
ВАО: Шаҳрванди Тоҷикистон дар доираи парвандаи ғорати зани Градский боздошт шуд
ВАО: Шаҳрванди Тоҷикистон дар доираи парвандаи ғорати зани Градский боздошт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба полис муяссар шуд, ки аввалин гумонбар дар парвандаи пурсарусадои ғорати ҳамасари навозандаи маъруфи русро дастгир кунад
2022-01-22T20:41+0500
2022-01-22T20:41+0500
2022-01-24T16:14+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
муҳоҷират
боздошт
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045013035_0:122:2793:1693_1920x0_80_0_0_fbb37f7e4380da9c61ddccd959426731.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Як гумонбар дар ғорати зани сароянда ва оҳангсоз Александр Градский Марина Коташенко боздошт шуд, хабар медиҳад "Telegram-канал"-и "112".Ба иттилои манбаъ, ӯ шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон буда, дар бозор кор мекардааст.Дар маҷмуъ онҳо се ҷинояткор буданд. Дувумӣ тавонист Русияро тарк кунад ва дар Қазоқистон пинҳон шавад, ки маконаш ҳоло маълум нест. Қаблан дар расонаҳо маълумоте пайдо шуда буд, ки пулис тавонистааст мошини сафеди "Mercedec"-еро пайдо кунад, ки ҳамлагарон бо он фирор карда буданд. Гуфта мешавад, мошин дар маҳаллаи Соколникии пойтахти Русия бидуни рақамҳои давлатӣ аз зери барф пайдо пайдо шудааст.Мошин бидуни рақами давлатӣ будааст, аммо ба тафтишот муяссар шуда, ки соҳиби мошин Халлоков, сокини вилояти Туларо пайдо кунад.Муайян гардидааст, ки вай ба ивази мошини "Киа" ва пардохти иловагӣ худравро ба Умед Ҷабборов, зодаи Тоҷикистон дода будааст. Соҳиби дуюмро ҳам ёфтанд ва аллакай бозпурсӣ карданд.Ҷабборов гуфтааст, ки чанде пеш дар ноҳияи Одинтсово мошинро ба ҳамватани худ фурӯхтааст.Ёдовар мешавем, ҳодисаи ғорати ҳамсари Градский дар шоҳроҳи Наро-Фомински назди Маскав рӯзи 16-уми январ маълум шуд.Се марди мусаллаҳ садама тарҳрезӣ карда, ба мошини Коташенко савор шуда, ӯро маҷбур намудаанд, ки ба хонаи худ баргардад ва 100 миллион рублро дуздиданд.Коташенко гуфт, пас аз дуздидани пул роҳзанҳо аз хонаи ӯ дар вилояти Маскав онҳоро ба шаҳри Апрелевка бурдааст.Дар он ҷо ҷинояткорон ба мошине, ки дар Маскав ёфт шуд, пинҳон шудаанд. Дар ташкили ғоратгарӣ хидматгорони хонаи ҳамсари овозхони маъруф гумонбар дониста мешавад.
https://sputnik.tj/20220121/millionho-gradskiy-ghoratgari-izi-tojiki-1045019154.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045013035_312:0:2793:1861_1920x0_80_0_0_8b062f7f8d711cd3e31786f0fa09feda.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрванд тоҷикистон ғорати зани градский боздошт
шаҳрванд тоҷикистон ғорати зани градский боздошт
ВАО: Шаҳрванди Тоҷикистон дар доираи парвандаи ғорати зани Градский боздошт шуд
20:41 22.01.2022 (Навсозишуда: 16:14 24.01.2022) Ба полис муяссар шуд, ки аввалин гумонбар дар парвандаи пурсарусадои ғорати ҳамасари навозандаи маъруфи русро дастгир кунад
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Як гумонбар дар ғорати зани сароянда ва оҳангсоз Александр Градский Марина Коташенко боздошт шуд, хабар медиҳад "Telegram-канал"-и "112".
Ба иттилои манбаъ, ӯ шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон буда, дар бозор кор мекардааст.
Дар маҷмуъ онҳо се ҷинояткор буданд. Дувумӣ тавонист Русияро тарк кунад ва дар Қазоқистон пинҳон шавад, ки маконаш ҳоло маълум нест.
Қаблан дар расонаҳо маълумоте пайдо шуда буд, ки пулис тавонистааст мошини сафеди "Mercedec"-еро пайдо кунад, ки ҳамлагарон бо он фирор карда буданд.
Гуфта мешавад, мошин дар маҳаллаи Соколникии пойтахти Русия бидуни рақамҳои давлатӣ аз зери барф пайдо пайдо шудааст.
Мошин бидуни рақами давлатӣ будааст, аммо ба тафтишот муяссар шуда, ки соҳиби мошин Халлоков, сокини вилояти Туларо пайдо кунад.
Муайян гардидааст, ки вай ба ивази мошини "Киа" ва пардохти иловагӣ худравро ба Умед Ҷабборов, зодаи Тоҷикистон дода будааст. Соҳиби дуюмро ҳам ёфтанд ва аллакай бозпурсӣ карданд.
Ҷабборов гуфтааст, ки чанде пеш дар ноҳияи Одинтсово мошинро ба ҳамватани худ фурӯхтааст.
Ёдовар мешавем, ҳодисаи ғорати ҳамсари Градский дар шоҳроҳи Наро-Фомински назди Маскав рӯзи 16-уми январ маълум шуд.
Се марди мусаллаҳ садама тарҳрезӣ карда, ба мошини Коташенко савор шуда, ӯро маҷбур намудаанд, ки ба хонаи худ баргардад ва 100 миллион рублро дуздиданд.
Коташенко гуфт, пас аз дуздидани пул роҳзанҳо аз хонаи ӯ дар вилояти Маскав онҳоро ба шаҳри Апрелевка бурдааст.
Дар он ҷо ҷинояткорон ба мошине, ки дар Маскав ёфт шуд, пинҳон шудаанд. Дар ташкили ғоратгарӣ хидматгорони хонаи ҳамсари овозхони маъруф гумонбар дониста мешавад.