Миллионҳои ҳамсари Градский куҷо шуд: дар ғоратгарӣ "изи тоҷикӣ" ёфт шуд

© Instagram aborgradskyАлександр Градский и Марина Коташенко
Александр Градский и Марина Коташенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Обуна шудан
Пас аз чанд рӯз мошини ҷинояткорон, ки ҳамсари Александр Градскийро ғорат карданд, пайдо шудааст. Он ба зодагони Тоҷикистон тааллуқ доштааст
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Дар Маскав маъмурони пулис мошини сафеди "Мерседес"-еро пайдо карданд, ки ҳамсари овозхон ва оҳангсоз Александр Градский Марина Коташенкоро ғорат кардааст, хабар медиҳад МК.
Мошинро дар яке аз ҳавлиҳо дар маҳаллаи Соколники зери барф пайдо кардаанд. Маҳз дар он роҳзанон, ки 16 январ зани навозандаро ғорат карданд, пинҳон шудаанд. Эҳтимол мошин чанд рӯз зери барф мондааст.
Мошин бидуни рақами давлатӣ будааст, аммо ба тафтишот муяссар шуда, ки соҳиби мошин Халлоков, сокини вилояти Туларо пайдо кунад.
Муайян гардидааст, ки вай ба ивази мошини "Киа" ва пардохти иловагӣ худравро ба Умед Ҷабборов, зодаи Тоҷикистон дода будааст. Соҳиби дуюмро ҳам ёфтанд ва аллакай бозпурсӣ карданд.
Ҷабборов гуфтааст, ки чанде пеш дар ноҳияи Одинтсово мошинро ба ҳамватани худ фурӯхтааст.
Балерина Анастасия Волочкова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2021
"Ӯ беҳтарин инсон аст": Волочкова бори нахуст хизматгорзани тоҷикашро нишон дод - акс
Ёдовар мешавем, ҳодисаи ғорати ҳамсари Градский дар шоҳроҳи Наро-Фомински назди Маскав рӯзи 16 январ маълум шуд.
Се марди мусаллаҳ садама тарҳрезӣ карда, ба мошини Коташенко савор шуда, ӯро маҷбур намудаанд, ки ба хонаи худ баргардад ва 100 миллион рублро дуздиданд.
Коташенко гуфт, пас аз дуздидани пул роҳзанҳо аз хонаи ӯ дар вилояти Маскав онҳоро ба шаҳри Апрелевка бурдааст.
Дар он ҷо ҷинояткорон ба мошине, ки дар Маскав ёфт шуд, пинҳон шудаанд. Дар ташкили ғоратгарӣ хидматгорони хонаи ҳамсари овозхони маъруф гумонбар дониста мешавад.
Пулис то ҳол гумонбарони ҳамла ба зани ҳунарманди мардумиро боздошт накардааст. Дар робита ба ин масъала то ҳол маълумоти расмӣ мавҷуд нест.
Лентаи хабарҳо
0