https://sputnik.tj/20220122/qallobii-zan-dushanbe-1045060215.html
"Тойота-Прадо"-ро бепул гирифт: қаллобии зан дар Душанбе
"Тойота-Прадо"-ро бепул гирифт: қаллобии зан дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳолати қаллобие хабар медиҳад, ки дар он зани ҷавон даст дорад
2022-01-22T16:03+0500
2022-01-22T16:03+0500
2022-01-22T16:03+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
қаллобӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102527/15/1025271517_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_4e6d197b7df566ce74ed32a3fb9bbc26.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Зани 38 - сола худрави қимматбаҳоро миёнаҳои моҳи сентябри соли гузашта гирифтаасту маблағашро пардохт накардааст.Вазортаи умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи ин ҳодисаи қаллобӣ марди 42 - сола ба мақомот хабар додааст.Ҳамин тавр, сокини 42-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо аризаи шикоятӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намудааст.Ӯ шикоят кардааст, ки 15-уми сентябри соли 2021, зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи қимматбаҳо гирифтааст.Ба нақли ин ниҳод, зан, худрави тамғаи "Тойота-Прадо"-ро ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз рўи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҳолатҳои фиребкорӣ дар бозори худравҳо тайи вақтҳои охир хабарҳои зиёде нашр мекунанд.Аз ҷумла ахиран як марди 40-солаи сокини шаҳри Душанберо бо ҳамин иттиҳом боздошт карда буданд. Ӯ дар он гумонбар дониста мешуд, ки аз марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, ду адад автомашинаҳои тамғаи БМВ-Х5 ва “Тайота-Кресто”-ро нархгузорӣ карда гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст. Зарари расонидашуда 375 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.Инчунин як марди 41-солаи дигарро бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардаанд, ки бо роҳи фиреб ба бовари марди 44-сола даромада, аз ӯ шаш адад автомашинаи гуногунтамғаро нарх гузошта, насия гирифтаст, аммо пулро надодааст. Мақомот зарари расонидашуда дар ин ҳолатро 442 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ намудаанд.
https://sputnik.tj/20220119/panj-moshin-garonbaho-qallobi-dushanbe-1044935313.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102527/15/1025271517_101:0:822:541_1920x0_80_0_0_a7884bfaff8a334086ed7cf2c339e991.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қаллобӣ, зан, душанбе,
"Тойота-Прадо"-ро бепул гирифт: қаллобии зан дар Душанбе
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳолати қаллобие хабар медиҳад, ки дар он зани ҷавон даст дорад
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Зани 38 - сола худрави қимматбаҳоро миёнаҳои моҳи сентябри соли гузашта гирифтаасту маблағашро пардохт накардааст.
Вазортаи умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи ин ҳодисаи қаллобӣ марди 42 - сола ба мақомот хабар додааст.
Ҳамин тавр, сокини 42-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо аризаи шикоятӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки 15-уми сентябри соли 2021, зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи қимматбаҳо гирифтааст.
Ба нақли ин ниҳод, зан, худрави тамғаи "Тойота-Прадо"-ро ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз рўи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҳолатҳои фиребкорӣ дар бозори худравҳо тайи вақтҳои охир хабарҳои зиёде нашр мекунанд.
Аз ҷумла ахиран як марди 40-солаи сокини шаҳри Душанберо бо ҳамин иттиҳом боздошт карда буданд.
Ӯ дар он гумонбар дониста мешуд, ки аз марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, ду адад автомашинаҳои тамғаи БМВ-Х5 ва “Тайота-Кресто”-ро нархгузорӣ карда гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст. Зарари расонидашуда 375 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.
Инчунин як марди 41-солаи дигарро бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардаанд, ки бо роҳи фиреб ба бовари марди 44-сола даромада, аз ӯ шаш адад автомашинаи гуногунтамғаро нарх гузошта, насия гирифтаст, аммо пулро надодааст.
Мақомот зарари расонидашуда дар ин ҳолатро 442 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ намудаанд.