https://sputnik.tj/20220121/bozgasht-koronavirus-tojikiston-1045055044.html
Бозгашти коронавирус ба Тоҷикистон: cабти якбораи 23 ҳолати гирифторӣ
Бозгашти коронавирус ба Тоҷикистон: cабти якбораи 23 ҳолати гирифторӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон расман аз мубталоёни нави коронавирус хабар доданд
2022-01-21T23:44+0500
2022-01-21T23:44+0500
2022-01-24T13:11+0500
коронавирус
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044342890_0:216:1980:1330_1920x0_80_0_0_25f704d128b751fc732f718b3e9876de.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабти 23 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус гузориш медиҳад."Ирӯз, 21 январ зимни баргузории ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 маълум гардид, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 23 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон бо ин сироят ба қайд гирифта шудааст", - афзудааст манбаъ. Ин ниҳоди мушаххас накардааст, ки оё навъи омикронии коронавирус, ки дар кишварҳои ҳамсоя пайдо шуд, миёни гирифторони нав дар Тоҷикистон ҳаст ва ё на.Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17 118 нафар ба унвони гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар (99,3%) шифо ёфтаанд. Инчунин то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар аз шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад. Тибқи тавсияҳои Ситоди оперативӣ оид ба мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст. Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд. Суръати эмгузаронии ахолӣ низ зиёд карда шуд. Ҳамзамон табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд. Ҳангоми ворид шудан ба кишвар пешниҳоди санҷиши тести коронавирус бо натиҷаи манфӣ ҳатмӣ шудааст.Қобили зикр аст, ки сокинони Тоҷикистон тақрибан ду ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бонги изтироб зада, ба нашри аксҳои санҷишҳо бо натиҷаи мусбати COVID-19 шуруъ карда буданд. Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабарҳо дар бораи бозгашти коронавирус ба кишварро расман рад карда буд.
https://sputnik.tj/20220115/tojikiston-qoida-vurud-khujro-somon-eyr-1044834142.html
https://sputnik.tj/20220121/tojikiston-koronavirus-moyakubi-1045010047.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044342890_78:0:1938:1395_1920x0_80_0_0_4ff156463825bffb9e90e28c43961317.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус тоҷикистон тандурустӣ ваксина
коронавирус тоҷикистон тандурустӣ ваксина
Бозгашти коронавирус ба Тоҷикистон: cабти якбораи 23 ҳолати гирифторӣ
23:44 21.01.2022 (Навсозишуда: 13:11 24.01.2022) Мақомоти Тоҷикистон расман аз марҳалаи ҷадиди бурузи коронавирус дар кишвар хабар доданд
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабти 23 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус гузориш медиҳад.
"Ирӯз, 21 январ зимни баргузории ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 маълум гардид, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 23 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон бо ин сироят ба қайд гирифта шудааст", - афзудааст манбаъ.
Ин ниҳоди мушаххас накардааст, ки оё навъи омикронии коронавирус, ки дар кишварҳои ҳамсоя пайдо шуд, миёни гирифторони нав дар Тоҷикистон ҳаст ва ё на.
Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17 118 нафар ба унвони гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар (99,3%) шифо ёфтаанд.
Инчунин то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар аз шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.
Тибқи тавсияҳои Ситоди оперативӣ оид ба мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.
Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
Суръати эмгузаронии ахолӣ низ зиёд карда шуд. Ҳамзамон табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд.
Ҳангоми ворид шудан ба кишвар пешниҳоди санҷиши тести коронавирус бо натиҷаи манфӣ ҳатмӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки сокинони Тоҷикистон тақрибан ду ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бонги изтироб зада, ба нашри аксҳои санҷишҳо бо натиҷаи мусбати COVID-19 шуруъ карда буданд.
Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабарҳо дар бораи бозгашти коронавирус ба кишварро расман рад карда буд.