Гуттериш дар бораи эътирофи толибон ва кумак ба Афғонистон: Мардум гуноҳ надорад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш
Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Обуна шудан
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, эҳтиром ба ҳуқуқи занону духтарон ва дар маҷмуъ эҳтиром ба ҳуқуқи башар аз ҷумлаи иқдомҳои муҳимест, ки бояд толибон дар баробари эътирофи онҳо андешида кунанд
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ таъкид кард, ки кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон бояд афзоиш ёбад ва мардуми Афғонистон набояд қурбонии сиёсат гардад.
Ӯ ахиран зимни суханронияш дар Ню Йорк гуфт, толибон бо вуҷуди эътироф ва дарёфти кумакҳои хориҷӣ бояд ҳуқуқи башарро эҳтиром кунанд.
"Ин (эҳтироми ҳуқуқи башар) барои онҳо баҳри эътироф шудан ва дарёфти кумаки хориҷӣ барои мардумашон комилан муҳим аст. Лозим аст, ки онҳо ба гунаи комил ҳуқуқи занон ва духтаронро комилан эҳтиром гузоранд ва умум як рӯйкарди мусбат дар қолаби ҳуқуқи башар дошта бошанд",- гуфтааст Гуттереш.
Ӯ ҳамзамон дар мусоҳиба бо хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфт, эъмоли таҳримҳо алайҳи Афғонистон набояд ба мардуми афғон осеб расонад ва боиси муҷозоти дастаҷамъӣ шавад.

"Биёед, ду чизро ҷудо кунем: толибон ва боқимондаи мардуми Афғонистон. Мо наметавонем мардуми Афғонистонро барои гуноҳҳои толибон муҷозот кунем. Албатта, ин барои кумакҳои башардӯстона дар ин вазъият муҳим аст", - гуфт ӯ.

Афзоиши кумакҳои башардӯстона дар вазъияти феълӣ дар Афғонистон муҳим аст, зеро афғонистониҳо дар вазъияти хеле вазнин, хатари маргу гуруснагӣ қарор доранд.
Афганские дети попрошайничают на улицах провинции Бадахшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Афзоиши бесобиқаи кӯдакону занони гадо дар Бадахшони Афғонистон
Аммо толибон ҳамеша мегуфтанд, ки ҳама афғонҳо, аз ҷумла занону духтарон, бар асоси шариат ва усулҳои исломӣ, ҳуқуқҳои худро доранд ва ҳеҷ кас наметавонад ҳуқуқи онҳоро поймол кунад.
Ҳуқуқи занон ба кор ва ҳуқуқи духтарон ба таҳсил аз масъалаҳое ҳастанд, ки ҳамеша аз ҷониби ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун бахше аз шартҳои эътирофи ҳукмронии толибон матраҳ мешаванд.
Зеро пас аз суқути ҳукумати қаблӣ дар аксари манотиқи ин кишвар барои духтарони болотар аз синфи шашум ба мактаб рафтан манъ шудааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон ахиран гуфт, онҳо талош доранд, дар баҳори соли оянда тамоми мактабҳои духтаронаро боз кунанд.
Афганские мигранты прячутся в туннеле под железнодорожными путями после незаконного перехода в Турцию из Ирана, недалеко от Татвана, Турция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
СММ: Афғонистон бе дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ зинда намемонад
"Мо мухолифи таҳсили духтарон нестем, аммо мушкилоте вуҷуд дорад, ки Вазорати маориф дар рӯи тарҳҳои нав кор мекунад. Талош аст, ки то соли оянда ин мушкилот ҳал ва мактабҳо дар саросари кишвар боз шаванд",- гуфт ӯ.
Аз сӯи дигар Томас Вест, намояндаи вижаи Амрико дар Афғонистон гуфт, агар толибон дар баҳори соли оянда тамоми мактабҳои духтаронаро боз кунанд, Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ омодаанд, ки моҳонаи муаллимонро пардохт намоянд.
Лентаи хабарҳо
0