https://sputnik.tj/20220111/smm-afghoniston-dastgiri-jomea-jahon-1044725408.html
СММ: Афғонистон бе дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ зинда намемонад
СММ: Афғонистон бе дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ зинда намемонад
Sputnik Тоҷикистон
Созмони Миллали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудаст, ки ба Афғонистон кумаки фаврӣ расонанд, вагар на шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ бидуни кумак зинда намемонанд
2022-01-11T19:20+0500
2022-01-11T19:20+0500
2022-01-12T12:02+0500
иҷтимоъ
афғонистон
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042045361_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_b560495ede998dc7d072fca28007c77a.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. СММ муайян намудааст, ки соли ҷорӣ барои наҷоти Афғонистон чӣ миқдор маблағ лозим аст.Хадамоти матбуотии созмони мазкур мегӯяд, имсол бояд ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон 4,4 миллиард доллар ихтисос дода шавад. Ин маблағ ба 22 миллион шаҳрванди дохили Афғонистон ва ҳамчунин 5,7 миллион афғонистониҳое, ки берун аз Ватан қарор доранд, масраф мешавад.Манбаъ меафзояд, ба 23 миллион нафар хатари гуруснагӣ таҳдид мекунад."Беморхонаҳо аз кӯдакони беҳолу бемадор пур шудаанд, муаллимон маош намегиранд, миллионҳо кӯдак аз имконияти таҳсил маҳрум аст. Ин гуна аст вазъ дар Афғонистони имрӯза", - омадааст дар хабар.СММ ҳамзамон аз гаронии нархи озуқаворӣ ва маводи сӯхт изҳори нигаронӣ намудааст.Дар нимаҳои сол, тавре СММ огоҳ мекунад, Афғонистон метавонад ба кишвари саросар камбизоат мубаддал гардад. Дар тӯли сол Афғонистон метавонад 30 дарсади ММД-ашро аз даст диҳад ва бекорӣ дар миёни мардон ду баробар боло рафта, ба 29 фоиз расад."Ман бо исрор хоҳиш мекунам: дарро ба рӯи мардуми Афғонистон напӯшед", - гуфт ҳамоҳангсози кумакҳои фавқулоддаи СММ Мартин Гриффитс зимни муаррифии нақшаи башардӯстӣ.Номбурда аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба Афғонистон ҳарчи зудтар кумак расонда шавад, то гуруснагӣ аз байн равад ва тавсеаи маризиҳо коҳиш ёбад.
https://sputnik.tj/20211215/vokunish-tolibon-smm-afghoniston-gurusnagi-1044175461.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042045361_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d29d7c46beccb79a22c320048cd8e895.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон смм кумак
СММ: Афғонистон бе дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ зинда намемонад
19:20 11.01.2022 (Навсозишуда: 12:02 12.01.2022) Созмони Миллали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудааст, ки ба Афғонистон кумаки фаврӣ расонанд, вагарна шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ бидуни кумак зинда намемонанд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. СММ муайян намудааст, ки соли ҷорӣ барои наҷоти Афғонистон чӣ миқдор маблағ лозим аст.
Хадамоти матбуотии созмони мазкур мегӯяд, имсол бояд ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон 4,4 миллиард доллар ихтисос дода шавад. Ин маблағ ба 22 миллион шаҳрванди дохили Афғонистон ва ҳамчунин 5,7 миллион афғонистониҳое, ки берун аз Ватан қарор доранд, масраф мешавад.
Манбаъ меафзояд, ба 23 миллион нафар хатари гуруснагӣ таҳдид мекунад.
"Беморхонаҳо аз кӯдакони беҳолу бемадор пур шудаанд, муаллимон маош намегиранд, миллионҳо кӯдак аз имконияти таҳсил маҳрум аст. Ин гуна аст вазъ дар Афғонистони имрӯза", - омадааст дар хабар.
СММ ҳамзамон аз гаронии нархи озуқаворӣ ва маводи сӯхт изҳори нигаронӣ намудааст.
"Аз сабабе ки кумакҳои байналмилалӣ баста шудаанд, низоми хидматрасониҳои иҷтимоӣ дар пеши назар аз байн меравад. Бе дастгирӣ аҳолии Афғонистон наметавонад зинда бимонад", - гуфта мешавад дар ин изҳорот.
Дар нимаҳои сол, тавре СММ огоҳ мекунад, Афғонистон метавонад ба кишвари саросар камбизоат мубаддал гардад. Дар тӯли сол Афғонистон метавонад 30 дарсади ММД-ашро аз даст диҳад ва бекорӣ дар миёни мардон ду баробар боло рафта, ба 29 фоиз расад.
"Ман бо исрор хоҳиш мекунам: дарро ба рӯи мардуми Афғонистон напӯшед", - гуфт ҳамоҳангсози кумакҳои фавқулоддаи СММ Мартин Гриффитс зимни муаррифии нақшаи башардӯстӣ.
Номбурда аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба Афғонистон ҳарчи зудтар кумак расонда шавад, то гуруснагӣ аз байн равад ва тавсеаи маризиҳо коҳиш ёбад.