https://sputnik.tj/20210820/nazarboev-payvastan-tojikiston-uzbekiston-ittihodi-iqtisodii-avrosiyo-1041804827.html
Назарбоев хостори пайвастани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авросиё шуд
Назарбоев хостори пайвастани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авросиё шуд
Sputnik Тоҷикистон
Нурсултон Назарбоев раисҷумҳури пешини Қазоқистон, хоҳони пайвастани Тоҷикистон, ӯзбекистон ва Туркаманистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авросиё шудааст
2021-08-20T21:00+0500
2021-08-20T21:00+0500
2022-10-05T18:27+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
нурсултон назарбоев
ӯзбекистон
пайвастан
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102886/48/1028864851_0:0:2714:1528_1920x0_80_0_0_9a0d68cf64fc98823372c9f5cff54410.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури пешини Қазоқистон ва роҳбари фахрии Иттиҳоди иқтисодии Авросиё зимни мулоқот бо нахуствазири Русия Михаил Мишустин гуфтааст, ки Тоҷикистон Ӯзбекистон ва Туркманистон бояд ба ин иттиҳод ҳамроҳ шаванд.Мулоқоти Назарбоев бо Мишустин қабл аз нишасти нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авросиё сурат гирифт, ки дар Қирғизистон доир мешавад.Ёдрас мешавем, ки ахиран вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вақт лозим дорад.Ба гуфтаи Завқизода, мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳои узви Иттиҳод бо иқтисодҳои шабеҳро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Пеш аз ҳама, инҳо Қирғизистон ва Арманистон мебошанд.Вазир таъкид кард, ки дар масъалаи шомилшавии ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб кардан маъно надорад. Таҳияи омори намунавӣ оид ба фаъолияти иқтисодии созмон метавонад солҳо тӯл кашад.Ёдовар мешавем, ки музокирот дар бораи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО чанд сол боз идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, аз чунин иқдом назар ба камбудиҳо бартариҳои зиёдтар вуҷуд доранд.Пеш аз ҳама, узвият дар Иттиҳод ба кишвар имкон медиҳад, ки потенсиали тиҷоратӣ ва сармоягузории худро боз кунад.Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз соли 2015 амал мекунад ва ҳоло ба ҷуз Русия, чор кишвар Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон шомил ҳастанд. Ӯзбекистон дар ин иттиҳод мақоми нозирро дорад.
https://sputnik.tj/20210810/vurud-tojikiston-iiao-mone-1041529812.html
https://sputnik.tj/20210217/Eron-Ittihodi-AvruOsiyo-Areshov-1032845241.html
туркманистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102886/48/1028864851_0:0:2714:2036_1920x0_80_0_0_e1ae6087221f15c6db4f015cbcf14e48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иттиҳоди иқтисодии авруосиё, нурсултон назарбоев, пайвастан, ӯзбекистон, туркманистон
тоҷикистон, иттиҳоди иқтисодии авруосиё, нурсултон назарбоев, пайвастан, ӯзбекистон, туркманистон
Назарбоев хостори пайвастани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авросиё шуд
21:00 20.08.2021 (Навсозишуда: 18:27 05.10.2022) Нурсултон Назарбоев раисҷумҳури пешини Қазоқистон, хоҳони пайвастани Тоҷикистон, ӯзбекистон ва Туркаманистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авросиё шудааст
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури пешини Қазоқистон ва роҳбари фахрии Иттиҳоди иқтисодии Авросиё зимни мулоқот бо нахуствазири Русия Михаил Мишустин гуфтааст, ки Тоҷикистон Ӯзбекистон ва Туркманистон бояд ба ин иттиҳод ҳамроҳ шаванд.
"Иттиҳоди иқтисодии Авроосиёро бояд қавитар шавад ва барои ин бояд Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - ҳамсоякишварҳои мо шомили он шаванд. Бо Турманистон ҳам бояд кор кард, то ки ин кишвар шомили ин иттиҳод шавад",- таъкид дошт Назарбоев зимн мулоқот бо Михаил Мишустин дар шаҳри Остона пойтахти Қазоқистон.
Мулоқоти Назарбоев бо Мишустин қабл аз нишасти нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авросиё сурат гирифт, ки дар Қирғизистон доир мешавад.
Ёдрас мешавем, ки ахиран вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вақт лозим дорад.
"Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони ҷавон аст, аз ин рӯ, ҳоло баҳо додан ба ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва манфии пайвастани ҷумҳурӣ ба ин Иттиҳод имконнопазир аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Завқизода, мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳои узви Иттиҳод бо иқтисодҳои шабеҳро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Пеш аз ҳама, инҳо Қирғизистон ва Арманистон мебошанд.
Вазир таъкид кард, ки дар масъалаи шомилшавии ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб кардан маъно надорад. Таҳияи омори намунавӣ оид ба фаъолияти иқтисодии созмон метавонад солҳо тӯл кашад.
Ёдовар мешавем, ки музокирот дар бораи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО чанд сол боз идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, аз чунин иқдом назар ба камбудиҳо бартариҳои зиёдтар вуҷуд доранд.
Пеш аз ҳама, узвият дар Иттиҳод ба кишвар имкон медиҳад, ки потенсиали тиҷоратӣ ва сармоягузории худро боз кунад.
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз соли 2015 амал мекунад ва ҳоло ба ҷуз Русия, чор кишвар Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон шомил ҳастанд. Ӯзбекистон дар ин иттиҳод мақоми нозирро дорад.