https://sputnik.tj/20220121/toqaev-jalbi-muhojiron-nodurust-maosh-baland-1045025625.html
Тоқаев ҷалби муҳоҷиронро нодуруст хонд, вақте худиҳо маоши баланд мехоҳанд
Тоқаев ҷалби муҳоҷиронро нодуруст хонд, вақте худиҳо маоши баланд мехоҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Қазоқистон дар мулоқот бо соҳибкорони кишвараш масъалаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатии хориҷиро ба миён гузошт
2022-01-21T16:35+0500
2022-01-21T16:35+0500
2022-01-21T18:49+0500
дар ҷаҳон
иҷтимоъ
муҳоҷират
қазоқистон
коргарон
муҳоҷир
маош
хориҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698912_0:19:3073:1747_1920x0_80_0_0_6191a8de8daf7b9fbae15f612f1eaa4b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Нерӯи кории хориҷӣ яке аз мавзуъҳои мулоқоти Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон бо соҳибкорони бузург дар ин кишвар буд. Ман нодуруст мешуморам, вақте бархе соҳибкорони алоҳида пешниҳод мекунанд, ки теъдоди квотаҳо арои ҷалби коргарони хориҷӣ зиёд карда шавад", - хабар дод Sputnik Қазоқистон аз қавли Тоқаев. Вай афзуд, ҷалби коргарони хориҷиро бо шумораи кам ва танҳо дар он бахшҳое дуруст мешуморад, ки воқеан мутахассисони он дар кишвар намерасанд. Ба гуфтаи президенти Қазоқистон, дар ин кишвар теъдоди кофии коргарони меҳнатдӯст, аз ҷумла миёни ҷавонон мавҷуданд. Вазифаи давлат ва соҳибкорист, ки идеологияи корро роҳандозӣ намоянд, таъкид намуд президенти Қазоқистон. Суҳбати Тоқаев аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳолест, ки Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишвари муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар ба Русия ва Қазоқистон сафар мекунанд, то ниёзҳои хонаводаҳояшонро таъмин намоянд.
https://sputnik.tj/20220121/prezident-sohibi-nisfi-doroi-qazoqiston-1045014448.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698912_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_1c817736cf87e816d81c756a98361c6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, қазоқистон, тоқаев, муҳоҷирон, ҷалб, нодуруст
президент, қазоқистон, тоқаев, муҳоҷирон, ҷалб, нодуруст
Тоқаев ҷалби муҳоҷиронро нодуруст хонд, вақте худиҳо маоши баланд мехоҳанд
16:35 21.01.2022 (Навсозишуда: 18:49 21.01.2022) Президенти Қазоқистон дар мулоқот бо соҳибкорони кишвараш масъалаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатии хориҷиро ба миён гузошт
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Нерӯи кории хориҷӣ яке аз мавзуъҳои мулоқоти Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон бо соҳибкорони бузург дар ин кишвар буд.
Ман нодуруст мешуморам, вақте бархе соҳибкорони алоҳида пешниҳод мекунанд, ки теъдоди квотаҳо арои ҷалби коргарони хориҷӣ зиёд карда шавад", - хабар дод Sputnik Қазоқистон аз қавли Тоқаев.
Вай афзуд, ҷалби коргарони хориҷиро бо шумораи кам ва танҳо дар он бахшҳое дуруст мешуморад, ки воқеан мутахассисони он дар кишвар намерасанд.
"Суҳбатҳо дар бораи ҷалби гурӯҳии хориҷиёнро ба он далел, ки қазоқистониҳо маоши баланд металабанду дар сатҳи зарурӣ кордӯст нестанд, бояд қатъ карда шаванд", - гуфт Тоқаев.
Ба гуфтаи президенти Қазоқистон, дар ин кишвар теъдоди кофии коргарони меҳнатдӯст, аз ҷумла миёни ҷавонон мавҷуданд. Вазифаи давлат ва соҳибкорист, ки идеологияи корро роҳандозӣ намоянд, таъкид намуд президенти Қазоқистон.
Суҳбати Тоқаев аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳолест, ки Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишвари муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар ба Русия ва Қазоқистон сафар мекунанд, то ниёзҳои хонаводаҳояшонро таъмин намоянд.