Донишҷӯи тоҷик дар радиои Кувейт шеърҳои тоҷикӣ мехонад: сафир кӯмакаш кард

© Instagram sorbon_khomidovCорбон Хомидов
Cорбон Хомидов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Обуна шудан
Дар ин кор ба ӯ сафири Тоҷикистон дар Кувейт Зубайдулло Зубайдов кумак намудааст
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар яке аз радиоҳои бонуфузи Кувейт ҳар ҳафта шеърҳои тоҷикӣ ба шунавандагон пешкаш мешаванд. Шеърҳоро як донишҷӯи 20-солаи тоҷик қироат мекунад.
Сомонаи "Your.tj" аз қавли Сорбон Ҳомидов, донишҷӯи бахши дуюми Донишгоҳи давлатии Кувейт хабар медиҳад, ки дар ин кор ба ӯ ҳамкурсон ва ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Зубайдулло Зубайдов кумак кардааст.
Сорбон изҳор доштааст, ки аслан шеърҳои Бедил, Саъдиву Ҳофиз ва Румиро ба шунавандагони ин радио қироат мекунад.
Шамил Абдураҳмонзода, донишҷӯи бахши 4 - уми ДМТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Ғолибияти донишҷӯи тоҷик дар Петербург миёни намояндагони 18 давлат
Ин донишҷӯро бисёриҳо дар бораи аз куҷо буданаш пурсон мешданд ва вақте Ватани худро муаррифӣ мекард, қариб ҳама изҳори беиттилоӣ мекарданд, чун дар бораи Тоҷикистон кам андар кам ҳамсабақонаш маълумот доштанд.

"Он замон фикри иштирок кардан дар як барномаи радиоӣ дар сарам пайдо шуд, то Ватани худро ба тамоми мардуми Кувейт муаррифӣ кунам", - мегӯяд Сорбон.

Барои амалӣ шудани ин фикраш ӯ ба сафири Тоҷикистон дар Кувейт муроҷиат кард ва дар ин хусус дастгирӣ ҳам шуд. Ҳоло се моҳ мешавад, ки ҳар ҳафта Сорбон барои сомеони радио шеърҳои тоҷикӣ қироат мекунад.
“Шунавандагон бештар қироати шеъру ғазалҳои Мавлоно Румӣ ва Абдулқодири Бедилро дархост мекунанд. Ман бошам, кӯшиш мекунам, аз ҳамаи адибони классики тоҷик шеър қироат кунам”, - афзуд ӯ.
Манбаъ меафзояд, Сорбон нақша дорад, ки таърихи бузурги халқи тоҷикро тавассути радио барои хориҷиён қироат кунад. Ӯ пас аз хатми донишгоҳ мехоҳад ба Ватан баргардад ва ҳамчун мутахасис хидмат кунад.
Лентаи хабарҳо
0