Ғолибияти донишҷӯи тоҷик дар Петербург миёни намояндагони 18 давлат

© Вазорати маорифи ҶТШамил Абдураҳмонзода, донишҷӯи бахши 4 - уми ДМТ
Шамил Абдураҳмонзода, донишҷӯи бахши 4 - уми ДМТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Обуна шудан
Донишҷӯи тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ миёни намояндагони 18 давлат сазовори ҷойи намоён гашт
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Натиҷаи даври савуми интернет- олимпиадаи байналмилалии "Низоми интихоботии давлатҳои ҷаҳон", ки авохири моҳи сентябр дар шаҳри Санкт - Петербурги Русия барпо гашта буд, маълум шуд.
Аз Тоҷикистон дар ин озмун Шамил Абдураҳмонзода, донишҷӯи соли чоруми факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ иштирок намуд ва аз миёни 1213 донишҷӯ сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи II гардид.
Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Хонандагони тоҷик ба олимпиадаи ИМА мераванд
Дафтари Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, олимпиадаи мазкур аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии мониторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон — давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор карда шуд.
Дар олимпиада 1213 донишҷӯ аз 107 донишгоҳи 18 давлати дунё иштирок намуд. Дар баробари донишҷӯёни донишгоҳҳои ИДМ, инчунин муҳассилин аз донишгоҳҳои Руминия, Конго, Латвия, Сербия ва Черногория иштирок намуданд.
Озмун аз се давр иборат буда, ду давр дар Тоҷикистон ва давраи ниҳоӣ дар шаҳри Санкт-Петербург барпо гардид.
Лентаи хабарҳо
0