Вазъи вахим: донишгоҳу мактабҳои Ӯзбекистон ба таҳсили фосилавӣ гузаштанд

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкПереход российских вузов на дистанционное обучение из-за коронавируса
Переход российских вузов на дистанционное обучение из-за коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Обуна шудан
Дар пайи бад шудани вазъи эпидемологӣ Ӯзбекистон муассисаҳои ибтидоӣ ва олияшро ба таҳсили фосилаӣ муваззаф мекунад
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар Ӯзбекистон аз 24 январ мактаб ва литсейҳо, муассисаҳои таълимии олӣ ва касбӣ новобаста аз шакли моликияташон барои як моҳ ба таҳсили фосилаӣ мегузаранд.
Дар ин бора Вазорати маорифи ин кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ин чора бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти санитарию эпидемиологӣ ба хотири пешгирӣ аз хатари паҳншавии штамми нави коронавируси омикрон дар байни кӯдакону наврасон андешида шудааст.
Вазорат қайд кардааст, ки дар ташкили раванди омӯзиши онлайнӣ аллакай таҷриба мавҷуд аст, бинобар ин он бо сафарбар кардани "тамоми захираҳои зарурӣ" бо сифати баланд баргузор хоҳад шуд.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Сироят ба коронавирус дар Ӯзбекистон рекордӣ шуд: Беш аз ҳазор ҳолат дар як рӯз
Дарсҳо барои мактаббачагон аз тариқи шабакаҳои телевизионии Ширкати миллии телевизион ва радио ва шабакаи телевизионии "Мактаби онлайн" намоиш дода мешаванд.
Сабти дарсҳо ва ҷадвали онҳо дар ҳамон канал дастрас хоҳад шуд.
Дар гузоришҳо ҳамчунин гуфта мешавад, ки чиптаҳои ҳавопаймо ва қатора барои донишҷӯён бо 50% тахфиф нигоҳ дошта мешаванд ва онҳоро то 24 феврал ройгон ба санаи дигар иваз кардан мумкин аст.
"Дар асоси вазъи эпидемиологӣ аз шумо хоҳиш менамоем, ки билетҳоро бидуни шитоб, дар давоми як моҳ пас аз муайян кардани санаи баргашт иваз намоед”, - афзуд Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон.
Дар баробари ин, муассисаҳои таълимии томактабӣ (боғчаҳо) фаъолияти худро бо риояи қатъии талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ идома медиҳанд. Кӯдакистонҳое, ки дар онҳо кӯдакони гирифтори аломатҳои COVID-19 ошкор шудаанд, муваққатан баста мешаванд.
Ташкентский аэропорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Пас аз роҳ ёфтани омикрон: Ӯзбекистон қавонини вуруд ба кишварро тағйир дод
Қаблан дар Ӯзбекистон тасмим гирифта шуда буд, ки таътили зимистона то 24 январ ба далели ташкили курсҳои такмили ихтисоси раҳбарони мактабҳо ва ҷилавгирӣ аз густариши зукоми мавсимӣ дар миёни хонандагон тамдид шавад.
Дар ҳоли ҳозир вазъи эпидемиологӣ дар ин кишвар вахим арзёбӣ мешавад ва гирифторӣ ба коронавирус ба нишондиҳандаҳои рекордияш мерасад.
Танҳо давоми шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 1321 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.
Сатҳи умумии гирифторӣ ба коронавирус дар ин кишвар ба 210 ҳазору 899 нафар мерасад. Аз ин беморӣ ҳамзамон 532 тан ҳалок шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0