Сироят ба коронавирус дар Ӯзбекистон рекордӣ шуд: Беш аз ҳазор ҳолат дар як рӯз

© SamuelFrancisJohnson / PixabayГрафическое изображение коронавируса
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Гирифторӣ ба коронавирус бори охир моҳи август дар Ӯзбекистон ба сатҳи рекордӣ расида буд. Он замон беш аз 900 нафар дар як шабонарӯз мариз шуданд
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон гирифторӣ ба вируси COVID -19 рекордӣ шуд. Вазорати беҳдошти ин кишвар хабар дод, ки дар 24 - соати ахир, 1037 нафар гирифтори коронавирус шуданд.
"Антирекорд"-и қаблӣ 5 августи соли 2021 сабт шуда буд. Он рӯз 974 нафар гирифтори коронавирус шуд.
"Рӯзи якшанбе дар Ӯзбекистон 1037 нафар гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки аз оғози пандемия ба баландтарин нишондод расид. Теъдоди умумии мубталоён ба 206 122 нафар расид", - омадааст дар вазорат.
Теъдоди умумии шифоёфтагон ба 199 ҳазору 193 нафар расид ва шабонарӯзи гузашта 448 нафар аз бемористонҳо мураххас шуданд. Ҳоло 5,411 бемори дигар таҳти табобат қарор доранд.
Аввалин афзоиши шумори мубталоён ба COVID-19 дар Ӯзбекистон моҳи июли соли 2020 мушоҳида шуда буд, баъдан дар тирамоҳ ин маризӣ рӯ ба коҳишёбӣ ниҳод.
Дар ҳамин ҳол, моякӯбӣ дар Ӯзбекистон давом дорад ва ин маърака аз 1 апрели соли 2021 шурӯъ шуд.
Главный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Мясников: Дар бемористон бистарӣ кардани гирифторони омикрон хавфнок аст
Бояд гуфт, штамми нави коронавирус - омикрон, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт онро "нигаронкунанда" номид, ба Ӯзбекистон роҳ ёфт. Ин вирусро як хориҷӣ, ки аз Дубай озими Тошканд шуд, овард. Дар зимн 200 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар, ки ҳамроҳ бо бемори гирифтори омикрон дар як ҳавопаймо буданд, қарантин шуданд.
Дар Тоҷикистон ҳоло ягон мавориди гирифторшавӣ ба штамии омикрон мушоҳида нашудааст. Ҳамзамон вируси COVID -19 ҳам муддати зиёд шаҳрвандони Тоҷикистонро домангир накардааст. Вале гирифторӣ ба зукоми шадид дар ҷумҳурӣ дар авҷ аст ва шаҳрвандонро бисёр нигарон кардааст. Кормандони беҳдоштӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон ягон навъ коронавирус нест ва мардум гирифтори зукоми мавсимӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0