https://sputnik.tj/20210818/zodagon-vmkb-maskav-vaksingiri-kam-tavajjuh-1041718694.html
Чаро зодагони ВМКБ дар Маскав ба ваксингирӣ кам таваҷҷуҳ доранд: посухи пизишк
Чаро зодагони ВМКБ дар Маскав ба ваксингирӣ кам таваҷҷуҳ доранд: посухи пизишк
Sputnik Тоҷикистон
Броимшо Маҳмадшоев дилпизишки муқими Маскав сабаби таваҷҷуҳи ками муҳоҷирони тоҷикро ба ваксингирӣ шарҳ дод
2021-08-18T16:52+0500
2021-08-18T16:52+0500
2021-08-18T21:38+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
муҳоҷират
созмони "нур"
броимшо мамадшоев
дар русия
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041718307_0:278:718:682_1920x0_80_0_0_9247ba1e54a84a9d6dba75c29339364b.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Броимшо Маҳмадшоев дилпизишк ва ёвари тиббии Созмони "Нур" гуфт, муҳоҷирони тоҷик ба вижа зодагони ВМКБ ба ваксингирӣ кам таваҷҷуҳ доранд.Ба гуфти пизишк, сабаб на дар беъэтимодӣ ба ваксина ё фориғболии муҳоҷирон, балки дар надоштани маълумоти кофӣ аст.Ба қавли пизишки тоҷик барои бартараф кардани ин мушкилот табибони ризокори Созмони "Нур" дар "Лужники", (маконе, ки эмгузаронии оммавии муҳоҷирон гузаронида мешавад - шарҳ аз идора), рӯзҳои истироҳат навбатдор меистанд ва ба суолҳои ҳамватанон посух мегӯянду онҳоро роҳнамоӣ менамоянд.Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар баробари тоҷикон намояндагони дигар кишварҳо аз қабили Қирғизистону Ӯзбекистон низ аз дидани ризокорони тоҷик дар ин макон шод мешаванд ва ба суолҳояшон посух мегиранд.Тибқи омори созмони ҷамъиятии "Нур", аз миёни тақрибан беш аз 30 ҳазор намояндагони ВМКБ, ки дар Маскав ва вилоятҳои назди он ба сар мебаранд, то 10 август беш аз 1300 нафари онҳо алайҳи вируси корона эм гирифтаанд. Бояд гуфт, ба ин омор танҳо ашхосе ворид мешавад, ки аз эмгузаронии онҳо Созмони "Нур" бохабар аст.Ёдрас мешавем, ки аз моҳи июл дар варзишгоҳи "Лужники" барои ваксинзании муҳоҷирон макони вижаи эмгузаронӣ кушода шуд. Муҳоҷирон бо ваксинаи "Спутник Light" эм карда мешаванд. Арзиши ин навъ ваксин 1300 рубл аст ва нархи онро муҳоҷирон метавонанд дар терминали махсус пардохт кунанд.Маркази эмгузаронӣ дар "Лужники" аз соати 08:30 то 22:00 хоҳишмандони ваксин гирифтанро қабул мекунад.Илова бар ин, муҳоҷирон дар Маскав метавонанд дар бозори "Садовод" ва маркази ягонаи муҳоҷират дар "Сахарово" ваксин гиранд.
https://sputnik.tj/20210704/vaksingiri-muhojiron-rusiya-navor-1040634959.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041718307_0:211:718:750_1920x0_80_0_0_83da7c38fad9541a8015d65932c3b78c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваксинзанӣ, созмони "нур", бадахшониёни маскав, ризокорон
ваксинзанӣ, созмони "нур", бадахшониёни маскав, ризокорон
Чаро зодагони ВМКБ дар Маскав ба ваксингирӣ кам таваҷҷуҳ доранд: посухи пизишк
16:52 18.08.2021 (Навсозишуда: 21:38 18.08.2021) Броимшо Маҳмадшоев пизишки муқими Маскав сабаби таваҷҷуҳи ками муҳоҷирони тоҷикро ба ваксингирӣ шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Броимшо Маҳмадшоев дилпизишк ва ёвари тиббии Созмони "Нур" гуфт, муҳоҷирони тоҷик ба вижа зодагони ВМКБ ба ваксингирӣ кам таваҷҷуҳ доранд.
Ба гуфти пизишк, сабаб на дар беъэтимодӣ ба ваксина ё фориғболии муҳоҷирон, балки дар надоштани маълумоти кофӣ аст.
"Аксарияти муҳоҷирон вақти муроиҷат ба пизишкони рус зимни фаҳмонидани маризиҳо ва бемориҳои музмини худ мушкилӣ мекашанд. Аз ин рӯ дақиқ намедонанд, ки оё эмгузаронӣ ба онҳо зиён дорад ё фоида?", - гуфт Броимшо Маҳмадшоев дилпизишк ва ёвари тиббии Созмони "Нур" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба қавли пизишки тоҷик барои бартараф кардани ин мушкилот табибони ризокори Созмони "Нур" дар "Лужники", (маконе, ки эмгузаронии оммавии муҳоҷирон гузаронида мешавад - шарҳ аз идора), рӯзҳои истироҳат навбатдор меистанд ва ба суолҳои ҳамватанон посух мегӯянду онҳоро роҳнамоӣ менамоянд.
"Мо ба муҳоҷирон ҳам ба забонҳои помирӣ ва ҳам тоҷикӣ маълумот медиҳем. Бештар мардум аз дардҳои худ мегӯянд ва пурсон мешаванд, ки оё ваксинзанӣ ба салоатии онҳо хатар дорад ё хайр?", - нақл кард Броимшо Маҳмадшоев.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар баробари тоҷикон намояндагони дигар кишварҳо аз қабили Қирғизистону Ӯзбекистон низ аз дидани ризокорони тоҷик дар ин макон шод мешаванд ва ба суолҳояшон посух мегиранд.
Тибқи омори созмони ҷамъиятии "Нур", аз миёни тақрибан беш аз 30 ҳазор намояндагони ВМКБ, ки дар Маскав ва вилоятҳои назди он ба сар мебаранд, то 10 август беш аз 1300 нафари онҳо алайҳи вируси корона эм гирифтаанд. Бояд гуфт, ба ин омор танҳо ашхосе ворид мешавад, ки аз эмгузаронии онҳо Созмони "Нур" бохабар аст.
Ёдрас мешавем, ки аз моҳи июл дар варзишгоҳи "Лужники" барои ваксинзании муҳоҷирон макони вижаи эмгузаронӣ кушода шуд.
Муҳоҷирон бо ваксинаи "Спутник Light" эм карда мешаванд. Арзиши ин навъ ваксин 1300 рубл аст ва нархи онро муҳоҷирон метавонанд дар терминали махсус пардохт кунанд.
Маркази эмгузаронӣ дар "Лужники" аз соати 08:30 то 22:00 хоҳишмандони ваксин гирифтанро қабул мекунад.
Илова бар ин, муҳоҷирон дар Маскав метавонанд дар бозори "Садовод" ва маркази ягонаи муҳоҷират дар "Сахарово" ваксин гиранд.