https://sputnik.tj/20220120/siroyatshinoson-tahdid-omiron-kudakoni-1044964389.html
Сироятшинос аз таҳдиди омирон ба кудакони то панҷсола ҳушдор доданд
Сироятшинос аз таҳдиди омирон ба кудакони то панҷсола ҳушдор доданд
Sputnik Тоҷикистон
Роспотребнадзор гуфт, ки кӯдакони аз ду то панҷсола бо сабаби омикрон ба бронхиолит гирифтор мешаванд ва дар ин ҳолат беморхона ниёз доранд
2022-01-20T11:47+0500
2022-01-20T11:47+0500
2022-01-20T12:21+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
кӯдакон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044961474_0:0:2912:1639_1920x0_80_0_0_bcba5d312ad04ce642b3ccc75a933f01.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Навъи нави коронавирус, омикрон махсусан барои кӯдакони аз ду то панҷсола хатарнок аст, менависад ТАСС. Ба гуфтаи муовини мудири Пажуҳишгоҳи Марказии эпидемиологии "Роспотребнадзор" Александр Горелов, ҳолатҳое ҳастанд, ки бистарӣ шуданро талаб мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, бори аввал кӯдакон гирифтори бемории бронхиолит шудаанд ва ҳар сеюмин кӯдак дарунравӣ дорад.Ӯ ҳамчунин афзуд, тибқи пажуҳишҳои байналмилалӣ, коронавирус дар давраи ҳомиладорӣ низ метавонад ба рушди кӯдаки батни модар таъсир расонад. Кудаки навзод метавонад "таъхир дар суръати рушди нейропсихикӣ ва ҷисмонӣ" дошта бошад, аммо бо барқарорсозии дуруст ин ҳолатро метавон рафъ кард, афзуд коршинос. Илова бар ин, ба гуфтаи мутахассиси бемориҳои сироятӣ, ба гурӯҳи хатарнок то ҳол афроди аз 65-сола боло ворид мешаванд, зеро бинобар гирифтории онҳо ба бемориҳои дигар дар таҳаммули ин дард ба душворӣ дучор мегарданд. Қаблан директори Маркази Гамалей Александр Гинтсбург гуфта буд, ки сироят бо навъи омикрон барои одамони дорои системаи масунияти заиф метавонад мушкилии ҷиддӣ дар пай дошта бошад. Ёдовар мешавем, навъи нави коронавирус соли 2021 дар Африқои Ҷанубӣ кашф шуда буд.
https://sputnik.tj/20220119/doru-mubtalo-shtam-omikron-1044941255.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044961474_112:0:2843:2048_1920x0_80_0_0_5d77787bb8cc10685bbb90fde2a4c1a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сироятшинос таҳдид омирон кудакони
сироятшинос таҳдид омирон кудакони
Сироятшинос аз таҳдиди омирон ба кудакони то панҷсола ҳушдор доданд
11:47 20.01.2022 (Навсозишуда: 12:21 20.01.2022) "Роспотребнадзор" гуфт, кӯдакони аз ду то панҷсола бо сабаби гирифторӣ ба омикрон ба бронхиолит гирифтор мешаванд ва дар ин ҳолат ба беморхона ниёз доранд
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Навъи нави коронавирус, омикрон махсусан барои кӯдакони аз ду то панҷсола хатарнок аст, менависад ТАСС.
Ба гуфтаи муовини мудири Пажуҳишгоҳи Марказии эпидемиологии "Роспотребнадзор" Александр Горелов, ҳолатҳое ҳастанд, ки бистарӣ шуданро талаб мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, бори аввал кӯдакон гирифтори бемории бронхиолит шудаанд ва ҳар сеюмин кӯдак дарунравӣ дорад.
"Ин махсусан барои тифлони хурдсоли аз ду то панҷсола хатарнок аст. Ин беморӣ дар онҳо бо осеб дидани роҳҳои болоии нафас ва бронхҳо ба вуҷуд меояд", - қайд кард Горелов.
Ӯ ҳамчунин афзуд, тибқи пажуҳишҳои байналмилалӣ, коронавирус дар давраи ҳомиладорӣ низ метавонад ба рушди кӯдаки батни модар таъсир расонад.
Кудаки навзод метавонад "таъхир дар суръати рушди нейропсихикӣ ва ҷисмонӣ" дошта бошад, аммо бо барқарорсозии дуруст ин ҳолатро метавон рафъ кард, афзуд коршинос.
Илова бар ин, ба гуфтаи мутахассиси бемориҳои сироятӣ, ба гурӯҳи хатарнок то ҳол афроди аз 65-сола боло ворид мешаванд, зеро бинобар гирифтории онҳо ба бемориҳои дигар дар таҳаммули ин дард ба душворӣ дучор мегарданд.
Қаблан директори Маркази Гамалей Александр Гинтсбург гуфта буд, ки сироят бо навъи омикрон барои одамони дорои системаи масунияти заиф метавонад мушкилии ҷиддӣ дар пай дошта бошад.
Ёдовар мешавем, навъи нави коронавирус соли 2021 дар Африқои Ҷанубӣ кашф шуда буд.