https://sputnik.tj/20220119/doru-mubtalo-shtam-omikron-1044941255.html
Аз нахустин рӯзи гирифорӣ ба омикрон чӣ бояд кард ва кадом доруҳоро хӯрд
Аз нахустин рӯзи гирифорӣ ба омикрон чӣ бояд кард ва кадом доруҳоро хӯрд
Sputnik Тоҷикистон
Пизишки рус тавсия додааст, ки дар нахустин рӯзҳои гирифторӣ ба шатамми нави коронавирус чӣ бояд кард
2022-01-19T16:00+0500
2022-01-19T16:00+0500
2022-01-19T19:19+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
пизишк
тавсия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103025/60/1030256091_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_82e7d4cb7e7c761c87ce0445b0875aec.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Аз рӯзи аввали гирифторӣ ба штамми омикрон бояд чораҳои муайян андешид, мегӯяд Светлана Сметанина, сармутахассиси бемориҳои сироятии Раёсати тандурустии шаҳри Маскав.Ин мутахассис гуфт, аз нахустин рӯзи мубтало шудан бо штамми нави коронавирус дар як рӯз тақрибан 2 литр моеъ бояд нӯшид. Ҳамчунин давоми рӯз се бор ҳарорати баданро санҷидан зарур аст. Дар сурати давоми се рӯз то 38 дараҷа баланд шудани ҳарорати бадан ӯ даъват кардани духтурро тавсия медиҳад.Ба гуфтаи мутахассиси бемориҳои сироятӣ, барои рафъи дарди гулӯ мумкин аст, доруҳои зиддимикробӣ ва зиддиилтиҳобӣ истеъмол намуд.Дар баробари ин Сметанина дар мусоҳиба бо ТАСС имкони истифодаи доруҳои зиддивирусиро истисно накардааст.Қаблан Андрей Тяжелников, сармутахассиси ҳифзи саломатии аҳолии калонсоли Раёсати тандурустии Маскав дар бораи муолиҷаи нишонаҳои аввалини омикрон тавсияҳо дода буд.Ӯ ёдовар шуда буд, ки нишонаҳои асосии ин навъи коронавирус дарди гулӯ ва мушакҳо, заифӣ ва хастагӣ, табларза, сулфаи хушк, дарди сар ва резиши оби бинӣ мебошад. СҶБ аз бурузи штаммҳои нави коронавирус ҳушдор додМутахассис гуфт, агар чунин нишонаҳо пайдо шуданд, зарур аст, дар хона бимонед. Ӯ гуфт, танҳо дар сурате ки ҳарорати бадан аз 38 дараҷа боло шуд, он замон доруҳои пасткунандаи таъби баданро бояд хӯрд.Ба гуфтаи табиб, антибиотикҳо бар зидди COVID-19 таъсир намекунанд. Ба ҷои ин ӯ маслиҳат дод, ки аз доруҳои зиддивирусӣ ва зиддиилтиҳобӣ истифода шавад. Инчунин мутахассис тавсия медиҳад, ки ғарғара кунед ва биниро бо оби намак бишӯед.
https://sputnik.tj/20220119/gunsburg-omikron-giriftor-1044931905.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103025/60/1030256091_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_5ec58c0134cbc50ab5a182ea82b01ec7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус омикрон дору
Аз нахустин рӯзи гирифорӣ ба омикрон чӣ бояд кард ва кадом доруҳоро хӯрд
16:00 19.01.2022 (Навсозишуда: 19:19 19.01.2022) Пизишки рус тавсия додааст, ки аз нахустин рӯзҳои гирифторӣ ба шатамми нави коронавирус чӣ бояд кард
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Аз рӯзи аввали гирифторӣ ба штамми омикрон бояд чораҳои муайян андешид, мегӯяд Светлана Сметанина, сармутахассиси бемориҳои сироятии Раёсати тандурустии шаҳри Маскав.
Ин мутахассис гуфт, аз нахустин рӯзи мубтало шудан бо штамми нави коронавирус дар як рӯз тақрибан 2 литр моеъ бояд нӯшид. Ҳамчунин давоми рӯз се бор ҳарорати баданро санҷидан зарур аст.
Дар сурати давоми се рӯз то 38 дараҷа баланд шудани ҳарорати бадан ӯ даъват кардани духтурро тавсия медиҳад.
Ба гуфтаи мутахассиси бемориҳои сироятӣ, барои рафъи дарди гулӯ мумкин аст, доруҳои зиддимикробӣ ва зиддиилтиҳобӣ истеъмол намуд.
Дар баробари ин Сметанина дар мусоҳиба бо ТАСС имкони истифодаи доруҳои зиддивирусиро истисно накардааст.
Қаблан Андрей Тяжелников, сармутахассиси ҳифзи саломатии аҳолии калонсоли Раёсати тандурустии Маскав дар бораи муолиҷаи нишонаҳои аввалини омикрон тавсияҳо дода буд.
Ӯ ёдовар шуда буд, ки нишонаҳои асосии ин навъи коронавирус дарди гулӯ ва мушакҳо, заифӣ ва хастагӣ, табларза, сулфаи хушк, дарди сар ва резиши оби бинӣ мебошад.
Мутахассис гуфт, агар чунин нишонаҳо пайдо шуданд, зарур аст, дар хона бимонед. Ӯ гуфт, танҳо дар сурате ки ҳарорати бадан аз 38 дараҷа боло шуд, он замон доруҳои пасткунандаи таъби баданро бояд хӯрд.
Ба гуфтаи табиб, антибиотикҳо бар зидди COVID-19 таъсир намекунанд. Ба ҷои ин ӯ маслиҳат дод, ки аз доруҳои зиддивирусӣ ва зиддиилтиҳобӣ истифода шавад. Инчунин мутахассис тавсия медиҳад, ки ғарғара кунед ва биниро бо оби намак бишӯед.