Санҷиши шабонаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ дар муассисаҳои табобатӣ

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПалата в родильном доме отделения центральной больницы Нурободского района
Палата в родильном доме отделения центральной больницы Нурободского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гаштҳои шабонааш дар муассисаҳои тобеи ин ниҳодро аз сар гирифтааст
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ҳадаф аз санҷишҳои шабона дар муассисаҳои муолиҷавиро шиносоии наздик бо фаъолияти онҳо арзёбӣ кард.
"Дар ҷараёни боздиди хеш масъулини вазорат бо рафти хидматрасонии шабонаи муассисаҳои тандурустӣ шинос шуда, инчунин бо беморон суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонӣ пурсон шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки ба ҳамин восита масъулини Вазорати тандурустӣ мехоҳанд камбудиҳоро ошкору бартараф созанд, то сатҳи хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боло бурда шавад.
Манбаъ афзуд, ки бо ин ҳадаф гаштҳои шабонаю рӯзона дар муассисаҳои тандурустии кишвар роҳандозӣ гардидаанд.
Граждане РТ пытаются выехать через КПП Фатехабад (Ойбек) в Мастчинском районе в сторону Ташкента, чтобы потом вылететь в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Аз тести ҳатмӣ то карантини хонагӣ: чӣ гуна дар Суғд аз омикрон пешгирӣ мекунанд?
Маврид ба зикр аст, ки қаблан дар доираи ин иқдом Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар аз бинои 6-уми маркази тиббии "Шифобахш", маъруф ба беморхонаи Қарияи Боло боздид кардааст. Абдуллозода назари беморону наздиконашонро дар мавриди сатҳи хидматрасонӣ дар ин муассиса шунида, ба масъулин барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастур додааст.
Инчунин Вазорати тандурустӣ мегӯяд, рӯзҳои сешанбе ва шанбеи ҳар ҳафта дар ин ниҳод рӯзи қабули шаҳрвандони кишвар эълон шудааст. Ба иттилои вазорат, сокинон метавонанд бевосита бо роҳбарияти ин ниҳод суҳбати озод дошта бошанд ва мушкилоташонро ба миён гузоранд.
Лентаи хабарҳо
0