https://sputnik.tj/20220114/chi-guna-sughd-omikron-peshgiri-1044826467.html
Аз тести ҳатмӣ то карантини хонагӣ: чӣ гуна дар Суғд аз омикрон пешгирӣ мекунанд?
Аз тести ҳатмӣ то карантини хонагӣ: чӣ гуна дар Суғд аз омикрон пешгирӣ мекунанд?
Sputnik Тоҷикистон
Масъулони Идораи беҳдоштии Суғд дар бораи вазъи эпидемологӣ ва чораҳои пешгирикунанда аз хуруҷи навъи зудпаҳншавандаи вируси “омикрон” дар шимоли Тоҷикистон таъкид намуданд
2022-01-14T19:35+0500
2022-01-14T19:35+0500
2022-01-14T20:32+0500
дар тоҷикистон
суғд
пешгирӣ
карантин
омикрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042009605_276:0:3476:1800_1920x0_80_0_0_d6cf7f5a376bd5eb947e06582e1e1c5e.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Масъулони идораи беҳдоштии Суғд дар бораи вазъи эпидемологӣ ва чораҳои пешгирикунанда аз хуруҷи навъи зудпаҳншавандаи вируси омикрон дар шимоли Тоҷикистон гуфтанд.Маҷнун Орипов, муовини сардори идораи санитарию эпидемиологии Суғд гуфт, баъд аз эълони сабти омикрон дар Ӯзбекистон дар гузаргоҳҳои наздимарзии ҳамсоякишвар чораҳои шадиди назоратӣ роҳандозӣ шудааст. Маҷнун Орипов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон зикр кард, ки ҳоло аз ҳар нафари воридшаванда аз Ӯзбекистон гирифтани ПСР – тести коронавирус ҳатмӣ шудааст. Бино ба гуфти ин масъули идораи беҳдоштӣ, ташхиси эксперсс-тест ё ПСР дар гузаргоҳҳо ройгон сурат мегирад. Ин дар ҳолест, ки ҷониби Ӯзбекистон барои гирифтани ин намуд тести тиббӣ дар ҳамаи гузаргоҳҳояш аз шаҳрвандони Тоҷикистон 110 – 120 ҳазор сӯм, муодили 120-130 сомонӣ мегирад. Орипов таъкид намуд, ки ба ҷуз аз ин ба ҳамаи шаҳрвандони воридшаванда дастури қатъӣ дода мешавад, то барои пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ ҳудуди 14 шабонарӯз дар шароити хона карантин шаванд. Муовини сардори идораи беҳдоштии Суғд дар бораи ин ки оё дар ин вилоят омикрон сабт шудааст ё не, изҳори бехабарӣ намуд ва гуфт, ки “ин қазияро масъулони Вазорати тандурустӣ шарҳ дода метавонанд”. Ӯ вазъи эпидемиологӣ дар шимоли Тоҷикистонро муътадил арзёбӣ кард. Рӯзи 10-уми январ вазъияти коронавирус дар Ӯзбекистон ваҳим шуд ва табибон далели онро ба роҳ ёфтани штами омикрон ба ин кишвар рабт доданд. Ду рӯз қабл Вазорати беҳдошти ин кишвар хабари даргузашти чанд тан аз гирифторони COVID-ро таъйид намуд ва иттилоъ дод, ки "вазъият бадтар мешавад".
https://sputnik.tj/20220114/omikron-uzbekiston-tarkid-1044808254.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042009605_676:0:3076:1800_1920x0_80_0_0_2d32fa42170d88a0a1b4936834c90595.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омикрон, тоҷикистон, суғд, пешгирӣ,
омикрон, тоҷикистон, суғд, пешгирӣ,
Аз тести ҳатмӣ то карантини хонагӣ: чӣ гуна дар Суғд аз омикрон пешгирӣ мекунанд?
19:35 14.01.2022 (Навсозишуда: 20:32 14.01.2022) Шарту шароити вуруд ба Тоҷикистон аз тариқи гузаргоҳҳои марзии Суғд сангинтар шуд ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шимоли кишвар ҳатмӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Масъулони идораи беҳдоштии Суғд дар бораи вазъи эпидемологӣ ва чораҳои пешгирикунанда аз хуруҷи навъи зудпаҳншавандаи вируси омикрон дар шимоли Тоҷикистон гуфтанд.
Маҷнун Орипов, муовини сардори идораи санитарию эпидемиологии Суғд гуфт, баъд аз эълони сабти омикрон дар Ӯзбекистон дар гузаргоҳҳои наздимарзии ҳамсоякишвар чораҳои шадиди назоратӣ роҳандозӣ шудааст.
Маҷнун Орипов дар суҳбат ба
Sputnik Тоҷикистон зикр кард, ки ҳоло аз ҳар нафари воридшаванда аз Ӯзбекистон гирифтани ПСР – тести коронавирус ҳатмӣ шудааст.
"Ҳоло дар гузаргоҳҳои наздисарҳадии Патари шаҳри Конибодом, Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ, Саразми шаҳри Панҷакент, инчунин Фурудгоҳи байнулмиллалии Хуҷанд навбатдории шабонарӯзии кормандони беҳдоштӣ ташкил шуда, ташхиси тиббии ҳар нафаре, ки ворид мешавад, ҳатмӣ мебошад”, - афзуд ӯ.
Бино ба гуфти ин масъули идораи беҳдоштӣ, ташхиси эксперсс-тест ё ПСР дар гузаргоҳҳо ройгон сурат мегирад.
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Ӯзбекистон барои гирифтани ин намуд тести тиббӣ дар ҳамаи гузаргоҳҳояш аз шаҳрвандони Тоҷикистон 110 – 120 ҳазор сӯм, муодили 120-130 сомонӣ мегирад.
Орипов таъкид намуд, ки ба ҷуз аз ин ба ҳамаи шаҳрвандони воридшаванда дастури қатъӣ дода мешавад, то барои пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ ҳудуди 14 шабонарӯз дар шароити хона карантин шаванд.
Муовини сардори идораи беҳдоштии Суғд дар бораи ин ки оё дар ин вилоят омикрон сабт шудааст ё не, изҳори бехабарӣ намуд ва гуфт, ки “ин қазияро масъулони Вазорати тандурустӣ шарҳ дода метавонанд”.
Ӯ вазъи эпидемиологӣ дар шимоли Тоҷикистонро муътадил арзёбӣ кард.
"Ҳоло дар ҷойҳои ҷамъиятӣ реҷаи ниқобӣ эълон шудааст" – иброз намуд Орипов.
Рӯзи 10-уми январ вазъияти коронавирус дар Ӯзбекистон ваҳим шуд ва табибон далели онро ба роҳ ёфтани штами омикрон ба ин кишвар рабт доданд.
Ду рӯз қабл Вазорати беҳдошти ин кишвар хабари даргузашти чанд тан аз гирифторони COVID-ро таъйид намуд ва иттилоъ дод, ки "вазъият бадтар мешавад".