https://sputnik.tj/20210201/sada-tajlil-tojikiston-intiqod-orzu-iso-1032739907.html
Шикамбадамҳо: интиқоди тунди рӯзноманигор аз шеваи таҷлили Сада дар Тоҷикистон
Шикамбадамҳо: интиқоди тунди рӯзноманигор аз шеваи таҷлили Сада дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигор ва шоири тоҷик Орзу Исо шеваи таҷлили ҷашни бостонии Садаро дар Тоҷикистон интиқод кардааст: ӯ мегӯяд, тамоми идҳо дар кишвар бо дегу табақ ба... 01.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-01T17:20+0500
2021-02-01T17:20+0500
2021-02-01T17:20+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1f/1032731387_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_28a7ce5b8511576df663bae002819c81.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Шоири тоҷик дар як посташ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз шеваи таҷлили ҷашни Сада дар Тоҷикистон сахт интиқод кардаву онро дилгиркунанда унвон кардааст."Ҷашни Сада низ бо ҳамон косаву табақу сабзавоту меваву атласу чакану дафу дойра истиқбол мешавад! Аз ин якнавохтӣ, аз ин якрангӣ дилам мешӯрад! Тақрибан ҳамаи ҷашну сур ва намоишҳои суннативу мардумии мо бо соири шикамбадамҳо ва анвои кулчаву фатиру шакаробу оталаву ошу шӯрбову дегу табақу наску биринҷу каду мегузарад", - таъкид намудааст вай.Орзу пешниҳод кардааст, ки ин ҷо бояд навгонӣ ворид намуд ва маҳаки ҷашни мазкурро дарк бояд кард: "Сада рамз дорад. Оташ, нур, ҳарорат намоди ҷашни Сада маҳсуб мешаванд. Рӯшноро алайҳи торикиву зулмат тасниф мекунад ин ҷашн".Рӯзноманигор афзудааст, ки қадимҳо гулхан меафрӯхтанд, аммо имрӯзҳо сад анвоъи нурсозиву нурбозиҳо рӯи кор аст, ки тавассуташон беҳтарин шоу аз нуру озин метавон дар шаҳрҳо орост.Ҳамчунин, ҷаноби Исо изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар ин ҷашн духтарон тани курта дар хиёбонҳо мегаштанд. "Зимнан, бо атласҳои ҳарир ба хиёбонҳо кашидани духтарон ҳамон торикии афкорест, ки дар қолаби ҷашни Сада намеғунҷад" , - хитоб намудааст вай ва гуфтааст, ки як ҷашни миллӣ бояд аз ҷашни дигар фарқ дошта бошад.Имсол ҷашни мазкур дар Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Фирдавсӣ таҷлил карда шуд. Дар макон ярмаркаи васеъ ташкил шуд, ки дар он тухмӣ, сабзавот, мева, ҳайвонот, техникаи кишоварзӣ ва бисёр чизҳои дигарро харидан мумкин аст.Мусиқӣ ва асал: чӣ гуна дар Душанбе ҷашни Садаро таҷлил карданд - аксЧун қоида, ин қабил чорабиниҳо тӯли якчанд рӯз баргузор мешаванд ва он на танҳо дар байни деҳқонону боғдорон, балки сокинони одӣ низ онро хуб ҷашн мегиранд.Дар доираи ин ҷашн семинарҳо ва тренингҳо оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав, тухмиҳо, навъҳои серҳосили дарахтони мевадиҳанда ва буридани онҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар саҳро ва боғҳо гузаронида мешаванд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1f/1032731387_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_58bc617a86076a7374a2acc2f5cd29ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
Шикамбадамҳо: интиқоди тунди рӯзноманигор аз шеваи таҷлили Сада дар Тоҷикистон
Рӯзноманигор ва шоири тоҷик Орзу Исо шеваи таҷлили ҷашни бостонии Садаро дар Тоҷикистон интиқод кардааст: ӯ мегӯяд, тамоми идҳо дар кишвар бо дегу табақ ба итмом мерасанд
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Шоири тоҷик дар як посташ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз шеваи таҷлили ҷашни Сада дар Тоҷикистон сахт интиқод кардаву онро дилгиркунанда унвон кардааст.
"Ҷашни Сада низ бо ҳамон косаву табақу сабзавоту меваву атласу чакану дафу дойра истиқбол мешавад! Аз ин якнавохтӣ, аз ин якрангӣ дилам мешӯрад! Тақрибан ҳамаи ҷашну сур ва намоишҳои суннативу мардумии мо бо соири шикамбадамҳо ва анвои кулчаву фатиру шакаробу оталаву ошу шӯрбову дегу табақу наску биринҷу каду мегузарад", - таъкид намудааст вай.
Орзу пешниҳод кардааст, ки ин ҷо бояд навгонӣ ворид намуд ва маҳаки ҷашни мазкурро дарк бояд кард: "Сада рамз дорад. Оташ, нур, ҳарорат намоди ҷашни Сада маҳсуб мешаванд. Рӯшноро алайҳи торикиву зулмат тасниф мекунад ин ҷашн".
Рӯзноманигор афзудааст, ки қадимҳо гулхан меафрӯхтанд, аммо имрӯзҳо сад анвоъи нурсозиву нурбозиҳо рӯи кор аст, ки тавассуташон беҳтарин шоу аз нуру озин метавон дар шаҳрҳо орост.
"Агар Сада масдари фалсафаи нуру гармиву рӯшноист, пас чаро “идея”-ҳои ҷолибро бо “фейерверк” базми оташ, базми нуру озин, нурафшониҳои осмонӣ ва шоу-барномаҳои муосир бо текнолоҷии нурафканӣ амалӣ намекунед?", - таъкид мекунад ӯ.
Ҳамчунин, ҷаноби Исо изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар ин ҷашн духтарон тани курта дар хиёбонҳо мегаштанд. "Зимнан, бо атласҳои ҳарир ба хиёбонҳо кашидани духтарон ҳамон торикии афкорест, ки дар қолаби ҷашни Сада намеғунҷад" , - хитоб намудааст вай ва гуфтааст, ки як ҷашни миллӣ бояд аз ҷашни дигар фарқ дошта бошад.
Имсол ҷашни мазкур дар Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Фирдавсӣ таҷлил карда шуд. Дар макон ярмаркаи васеъ ташкил шуд, ки дар он тухмӣ, сабзавот, мева, ҳайвонот, техникаи кишоварзӣ ва бисёр чизҳои дигарро харидан мумкин аст.
Чун қоида, ин қабил чорабиниҳо тӯли якчанд рӯз баргузор мешаванд ва он на танҳо дар байни деҳқонону боғдорон, балки сокинони одӣ низ онро хуб ҷашн мегиранд.
Дар доираи ин ҷашн семинарҳо ва тренингҳо оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав, тухмиҳо, навъҳои серҳосили дарахтони мевадиҳанда ва буридани онҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар саҳро ва боғҳо гузаронида мешаванд.