https://sputnik.tj/20220120/mahdudiyatho-omikron-besamar-1044978083.html
СҶБ: Маҳдудиятҳо дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ба далели омикрон бесамар аст
СҶБ: Маҳдудиятҳо дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ба далели омикрон бесамар аст
Sputnik Тоҷикистон
Гузашта аз ин, маҳдудиятҳо дар ҳаракати байни давлатҳо ба иқтисодиёт зарари иловагӣ мерасонанд, ба эътиқоди созмон
2022-01-20T16:16+0500
2022-01-20T16:16+0500
2022-01-20T17:08+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
нақлиёт
ҳамлу нақл
коронавирус
омикрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/03/1043917208_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_0bdaeb3063bbdb8eaad81e4257a2a831.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) хостори лағви маҳдудиятҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ шуд, ки бар асари штамми омикрон ҷорӣ шудаанд, хабар медиҳад РИА "Новости". Коршиносони созмон бар ин назаранд, ки ин тадбирҳо фоидаи иловагӣ намеоваранд ва ба фишори иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо мусоидат мекунанд. Тадбирҳое чун ниқобпӯшӣ, озмоишҳо, карантин, ваксинаҳо бояд дар асоси хатар бошанд, ва ба сайёҳон бори молӣ наоваранд, гуфтаанд дар созмон. Бо дарназардошти тақсимоти нобаробари ваксинаҳо дар саросари ҷаҳон СҶБ даъвати худро такрор мекунад, ки "барои сафарҳои байналмилалӣ далели эмкунии COVID-19-ро ҳамчун ягона ё шарти иҷозати сафарҳои байналмилалӣ талаб накунанд". Коршиносон таъкид карданд, бо вуҷуди он ки ваксинаҳои мавҷуд то ҳол дар коҳиш додани хатари бемории шадид ва марг аз COVID-19 муассир ҳастанд, онҳо хатари интиқоли коронавирусро комилан аз байн намебаранд. Дар робита ба ин кишварҳои ҷаҳон бояд стратегияи ҳифзи аҳолии осебпазир аз COVID-ро ҳамоҳанг созанд. Диққати махсус бояд ба кишварҳое дода шавад, ки сатҳи пасти эмкунӣ, бахусус кишварҳое, ки ин нишондод дар онҳо аз 10% камтар аст, равона шавад.
https://sputnik.tj/20211219/sobyanin-jori-mahdudiyat-maskav-1044255810.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/03/1043917208_255:0:2986:2048_1920x0_80_0_0_96bd28b7069593314edc0c46df11bb27.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳдудиятҳо, сафарҳои байналмилалӣ, омикрон
маҳдудиятҳо, сафарҳои байналмилалӣ, омикрон
СҶБ: Маҳдудиятҳо дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ба далели омикрон бесамар аст
16:16 20.01.2022 (Навсозишуда: 17:08 20.01.2022) Маҳдудиятҳо дар ҳаракати байни давлатҳо ба иқтисодиёт зарари иловагӣ мерасонанд, мегӯянд мутахассисон
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) хостори лағви маҳдудиятҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ шуд, ки бар асари штамми омикрон ҷорӣ шудаанд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Коршиносони созмон бар ин назаранд, ки ин тадбирҳо фоидаи иловагӣ намеоваранд ва ба фишори иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо мусоидат мекунанд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки "нокомии маҳдудиятҳои сафар, ки пас аз кашфи штамми омикрон барои пешгирии паҳншавии он ҷорӣ карда шуда буданд, бесамар будани ин чораҳоро бо мурури замон нишон медиҳад".
Тадбирҳое чун ниқобпӯшӣ, озмоишҳо, карантин, ваксинаҳо бояд дар асоси хатар бошанд, ва ба сайёҳон бори молӣ наоваранд, гуфтаанд дар созмон.
Бо дарназардошти тақсимоти нобаробари ваксинаҳо дар саросари ҷаҳон СҶБ даъвати худро такрор мекунад, ки "барои сафарҳои байналмилалӣ далели эмкунии COVID-19-ро ҳамчун ягона ё шарти иҷозати сафарҳои байналмилалӣ талаб накунанд".
Коршиносон таъкид карданд, бо вуҷуди он ки ваксинаҳои мавҷуд то ҳол дар коҳиш додани хатари бемории шадид ва марг аз COVID-19 муассир ҳастанд, онҳо хатари интиқоли коронавирусро комилан аз байн намебаранд.
Дар робита ба ин кишварҳои ҷаҳон бояд стратегияи ҳифзи аҳолии осебпазир аз COVID-ро ҳамоҳанг созанд. Диққати махсус бояд ба кишварҳое дода шавад, ки сатҳи пасти эмкунӣ, бахусус кишварҳое, ки ин нишондод дар онҳо аз 10% камтар аст, равона шавад.