https://sputnik.tj/20211219/sobyanin-jori-mahdudiyat-maskav-1044255810.html
Собянин эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар Маскавро шарҳ дод
Собянин эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар Маскавро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Маскав эҳтимолияти роҳандозии маҳдудиятҳои марбути коронавирус дар арафаи Соли навро тавзеҳ дод
2021-12-19T18:40+0500
2021-12-19T18:40+0500
2021-12-20T19:42+0500
иҷтимоъ
тандурустӣ
сергей собянин
маҳдудият
соли нав
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0e/1032270550_0:181:2999:1867_1920x0_80_0_0_7d7564bf861a45291a6a804e31746afb.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дар бораи эҳтимоли роҳандозии маҳдудиятҳо дар рӯзҳои ҷашни Соли Нав изҳори назар кард, хабар дод шабакаи телевизионии "Россия 1". "Ҳамон тавре зиндагӣ хоҳем кард, ки феълан дорем, дар доираи он маҳдудиятҳое, ки феълан ҷорӣ шудаанд. Албатта, агар чораҳои иловагӣ зарур оянд, мо пешакӣ ҳатман огоҳ хоҳем кард", - таъкид намудаст шаҳрдор. Ба гуфтаи Собянин, дар Маскав тадбирҳои шадид танҳо замоне роҳандозӣ мешаванд, ки афзоиши танзимнашавандаи бемории коронавирус ҷой дошта бошад. Шаҳрдорӣ қаблан низ ба роҳ мондани маҳдудиятҳои нав дар арафаи Соли Навро истисно карда, таъкид намуда буд, ки чунин амал дар нақша нест. Раиси пойтахт гуфт, метрои Маскав тамоми шаби ҷашни Соли Нави мелодӣ кор хоҳад кард. Дар зимн таъкид шуд, ки сабукиҳоеро низ дар робита ба баргузории чорабиниҳои оммавӣ интизор шудан даркор нест. Сокинону меҳмонони Маскав метавонанд дар кӯчаю гулгаштҳо сайр намоянд, аммо мақомдорон ҳеч чорабинии оммавӣ ва ё маъракаҳои махсуси солинавиро дар назар надоранд. Шаҳрдори Маскав маслиҳат дод, ки сокинон Соли Нави мелодиро дар ҳалқаи дӯстону наздикон гузаронанд. Ин тавсияро махсус барои онҳое муҳим хонд, ки дар феҳрасти гурӯҳҳои осебпазир аз коронавирус қарор доранд. Амммо ҷазоҳои ҷаримавию маъмурӣ дар назар нестанд, таъкид намуд Собянин.
https://sputnik.tj/20211219/ginsburg-ozmoishi-vaksina-koronavirus-kudakon-1044254687.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0e/1032270550_133:0:2864:2048_1920x0_80_0_0_a08fbbd7d765f7f452fba640ef3c729d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрдорӣ, маскав, соли нав, коронавирус, собянин
шаҳрдорӣ, маскав, соли нав, коронавирус, собянин
Собянин эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар Маскавро шарҳ дод
18:40 19.12.2021 (Навсозишуда: 19:42 20.12.2021) Шаҳрдории Маскав мегӯяд, тадбирҳои шадидро дар назар надоранд ва сабукии маҳдудиятҳоро низ интизор набояд шуд
ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дар бораи эҳтимоли роҳандозии маҳдудиятҳо дар рӯзҳои ҷашни Соли Нав изҳори назар кард, хабар дод шабакаи телевизионии "Россия 1".
"Ҳамон тавре зиндагӣ хоҳем кард, ки феълан дорем, дар доираи он маҳдудиятҳое, ки феълан ҷорӣ шудаанд. Албатта, агар чораҳои иловагӣ зарур оянд, мо пешакӣ ҳатман огоҳ хоҳем кард", - таъкид намудаст шаҳрдор.
Ба гуфтаи Собянин, дар Маскав тадбирҳои шадид танҳо замоне роҳандозӣ мешаванд, ки афзоиши танзимнашавандаи бемории коронавирус ҷой дошта бошад.
Шаҳрдорӣ қаблан низ ба роҳ мондани маҳдудиятҳои нав дар арафаи Соли Навро истисно карда, таъкид намуда буд, ки чунин амал дар нақша нест.
Раиси пойтахт гуфт, метрои Маскав тамоми шаби ҷашни Соли Нави мелодӣ кор хоҳад кард.
Дар зимн таъкид шуд, ки сабукиҳоеро низ дар робита ба баргузории чорабиниҳои оммавӣ интизор шудан даркор нест. Сокинону меҳмонони Маскав метавонанд дар кӯчаю гулгаштҳо сайр намоянд, аммо мақомдорон ҳеч чорабинии оммавӣ ва ё маъракаҳои махсуси солинавиро дар назар надоранд.
Шаҳрдори Маскав маслиҳат дод, ки сокинон Соли Нави мелодиро дар ҳалқаи дӯстону наздикон гузаронанд. Ин тавсияро махсус барои онҳое муҳим хонд, ки дар феҳрасти гурӯҳҳои осебпазир аз коронавирус қарор доранд. Амммо ҷазоҳои ҷаримавию маъмурӣ дар назар нестанд, таъкид намуд Собянин.