IRS роҳи Душанбе - Хуҷандро баст ва сабабашро гуфт

© пресс-служба КЧС РТПроезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото
Проезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Интизор меравад, то нисфирӯзии 20-уми январ ҳаракати мошинҳо аз тариқи ин масир дубора барқарор шавад
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ширкати нигаҳдори ягона роҳе, ки пойтахтро ба шимоли мамлакат васл мекунад, ин масирро масдуд кардааст.

"Аз соати 3-и субҳи 20-уми январ бо мақсади бартарафсозии пайомади тармафароӣ ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш ҳаракати тамоми намуди нақлиёт барои чанд муддат боздошта шуд", - омадааст дар иттилоияи ин ширкат.

Манбаъ меафзояд, феълан раванди поккунии роҳ аз ғарами барф идома дорад ва бо анҷом ёфтани кор ҳаракати нақлиёт иҷозат дода мешавад.
Намояндагони ширкат мегӯянд, эҳтимол ҳаракати нақлиёт соатҳои 11 ё 12-и рӯз аз сар гирифта шавад.
Ёдовар мешавем, 19 январ, аз соати 05:00 ба вақти маҳаллӣ ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ масдуд шуда буд.
Снегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Роҳи Душанбе - Чаноқро тарма боз масдуд кард
Баъдан ҳаракати яксамта дар роҳи Душанбе - Чаноқ бо фосилаи 2 соат аз ҳар ду ҷониб оғоз гардид, вале намояндагони ширкат изҳор доштанд, ки эҳтимол соатҳои наздик роҳ боз баста шавад.
Аслан вазъ дар минтақаи километри 48 ва 73-юми роҳи Душанбе - Чаноқ нисбатан мураккаб буда, бориши барф ва тармафароӣ дар он ҷо зиёд сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол КҲФ низ хабар дод, ки дар роҳҳои Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб ҳамоно хатари лағжиши тармаву резиши санг боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0