Роҳи Душанбе - Чаноқро тарма боз масдуд кард

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати IRSСнегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок
Снегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Обуна шудан
Роҳи мазкур беш аз ду рӯз қабл масдуд буд ва пас аз зуҳри 18 январ барои ҳаракати нақлиёт боз шуд. Ҳоло бошад, тарма ин масирро дубора бастааст
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Аз соати 05:00 ба вақти маҳаллӣ ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ масдуд шуд.
Ширкати масъул дар нигаҳдории ин роҳ мегӯяд, бориши пуршиддати барф ва фаромадани тарма ягона роҳе, ки марказро ба шимоли кишвар пайваст мекунад, баста шудааст.
"Бинобар бориши пуршиддати барф ва бо мақсади бартарафсозии пайомади тармафароӣ, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш дар ҳамоҳангӣ бо БДА ва КҲФ тасмим гирифта шуд, ки аз соати панҷи субҳ ҳаракати тамоми нақлиёт муваққатан боздошта шавад", - омадааст дар хабарномаи IRS.
Зимний курорт Сафед-Дара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
IRS замони боз шудани роҳи Душанбе - Чаноқро гуфт
Ин ширкат аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, моҳияти ин иқдомро, ки ба таъмини бехатарии онҳо рабт дорад, дарк намоянд.
Бояд гуфт, се рӯз пеш аз бар асари фаромадани тарма роҳи Душанбе - Чаноқ баста шуда буд ва танҳо пас аз зуҳри 18 январ ширкат хабар дод, ки роҳ аввал аз як ҷониб аз Хуҷанд ба Душанбе ва баъдан аз Душанбе ба Хуҷанд ҳам гушуда шуд.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, дар роҳҳои Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб ҳамоно хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0